Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
берун оварда, онро дар ҳуҷраи танге ҷой доданд, ки ин худ ҳамон маърифат ба фурӯъ мебошад. Ба андешаи вай ҳар касе дар ин замон дар атрофи масъалаи зикршуда зиёд сухан гӯяд ва ин масъаларо нисбатан беҳтар дониста, пиромуни он таҳқиқоте анҷом диҳад, вай бешубҳа фақеҳи бузург ва донишманд дониста мешавад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ғаззолӣ, дар асри наҳустини ислом мафҳуми фиқҳро нисбат ба илми тариқи охират, маърифати офоти нафс ва амалҳои табоҳсозанда, беҳтар дарк намудани хорӣ ва зориҳои ин дунё, бештар рағбат варзидан ба неъматҳои охират ва бештар тарсидан аз Худо фаҳмида, бо ин маъниҳо истифода мекарданд. Аммо, ба қавли мутафаккир чуноне ки ояи «Лиятафаққаҳу фи-д-дини ва лиюнзиру қавмаҳум изо раҷаъу илайҳим» гувоҳи он аст, наметавон ҳамчун «фурӯъи талоқ», «лиъон», «иҷора» ва «ирс», ки фақеҳони давр ба ин масъалаҳо машғуланд, истифода намуд.
Воқеан ин гуфтаҳои Ғаззолӣ бе асос набуда, ба қавли Ҳасани Басрӣ фақеҳ касе шуда метавонад, ки ба дунё бе рағбат буда, ба охират майли зиёд дошта бошад. Вай фаҳми яқин дар дин дошта, ба ибодати ҳамешагии Худо машғул аст. Илова бар ин хештандор буда, бояд даст аз моли мардум кашад ва хайрхоҳи мусулмонон бошад. Вале чунонки дида мешавад Ғаззолӣ дар ҳеҷ ҷое ҳифзи фурӯъи фиқҳиро аз хислатҳо ва чигунагии фақеҳ намешуморад. Аз сабаби он ки фиқҳ ба маънои илми ботин ва амал бар-он, хеле печида ва душвор буда, ба ҳеҷ касе ҳукумату риёсат ва ҷоҳу мол намеорад. Шайтон, ба қавли Ғаззолӣ кӯшидааст ба мақсади шӯрангезиву саркашӣ ва нофармонӣ ба илми фиқҳ либоси наве аз маъно пӯшонда, дили мардумро ба худ ҷалб намояд1.
1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Китоби илм. – С. 81-82

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё