Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

раво намешуморад. Лекин бо золимон дурушт сухангӯиро дар сурате зарур мешуморанд, ки оқибаташ ба гиребонгирии дигарон набурда, ҷони онҳоро ба хатар нагузорад. Аслан ба андешаи Ғаззолӣ, ҷони худро дар хатар гузоштан ҳамеша шева ва рафтори покон будааст, зеро онҳо медонистанд, ки дар сурати кушта шудан дар зумраи шаҳидон қарор хоҳанд гирифт1. Вай барои ҷоннок кардани фикри худ мисолҳои зиёдеро аз зиндагиномаи олимон ва солеҳони салаф, ки дурушт ва зишт сухан гуфта, ба шаҳодат расиданд, оварда, аз онҳо ҳимоят ва пуштибонӣ кардааст.

Ғаззолӣ, барои мисол меорад, ки аз Абӯдовуди Той пурсиданд, ки «агар касе умарои рӯзгорро амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунад, бар ӯ чӣ хоҳад рафт? Гуфт: метарсам тозиёнааш бизананд. Гуфтанд: Агар тозиёнаро таҳаммул кунад? Гуфт: Метарсам бо шамшер ҷавобашро бидиҳанд. Гуфтанд: Агар аз шамшер ҳам бок надошта бошад? Гуфт: Метарсам гирифтори он дарди пинҳон шавад, яъне учб»2.

Ғаззолӣ пас аз зикри ҳикоёти бисёре аз бархӯрдҳои сӯфиёну далерон бо ҷабборони замон аз қабили Ҳасани Басрӣ ва Ҳатити Зайёт бо Ҳаҷҷоҷ, ки дар ниҳоят ба қатли Ҳатит оварда буд ва Сӯфёни Саврӣ ва Баҳлул бо Ҳорун ар-Рашид ва ғайраҳо ин бахши «Эҳёи улуми-д-дин»-ро бо ибороти зерин ба поён мерасонад: «Равишу одоти олимон дар амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва беэътиноияшон ба шавкати салотин чунин буд. Чаро ки муттақӣ ба фазли Худованд буданд, ки аз шарри салотин маҳфузашон дорад ва агар шаҳодат насибашон

пешина
аз 567
навбатӣ