Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мӯъминон нигаҳдорӣ мекунанд. Ин маънои онро надорад, ки онҳо олиманд, баръакс онҳо олими дин нестанд. Ба хусус мутаккалимоне, ки танҳо ғарқи баҳсу ҷидол мебошанд, онҳо ҳатто аз ҷодаи илм ҳам нагузаштанд.1

Ғаззолӣ чунон ба умқу моҳияти баҳсҳои аҳли калом ғута зада буд ва таҷрубаи илмаш вайро водор месохт, ки илми каломро беш аз «доруи хатарнок» ё «фосиде барои дафъи фосиди дигар» баҳои изофае надиҳад. Вай табибона ва мушфиқона андарз медиҳад, ки ба ҷуз аз ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ аз ин доруи ғизонамо нанӯшанд ва маърифати Худо ва пайғамбарро аз калом талаб накунанд ва то ҷое, ки имкон дорад ва метавонанд аз ин илм бипарҳезанд.2

Ин суханҳоро шахсе мегӯяд, ки худ каломро омӯхта онро зеру рӯ карда, ба болотарин дараҷаи мутаккалимин расида буд ва дар ниҳоят ба дурустӣ ва яқинан дарёфта буд, ки расидан ба маърифати ҳақиқатҳо аз ин роҳ мумкин нест.

Суханоне, ки Ғаззолӣ дар «Китоби хавф ва раҷо» дар «маънои суолхотима» овардааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки вай аз шакку шубҳаҳо ва васвасаҳои даврони мутаккалим буданаш ҳамеша дар тарсу ваҳм буд, ки мабодо ҳангоми марг онҳо гиребонгираш нашаванд ва беимон аз дунё наравад. Ғаззолӣ зӯҳду ислоҳро низ чораи ин офат намебинад ва бехабарону каломнаомӯхтагон ва аблаҳонро, ки гӯш ба суханони мутаккалимон надодаанд ва ба имони мустаҳкаму (росиҳу) ороста ва зебу зинатёфта кифоя кардаанд аз ин хатар эмин медорад ва зикр месозад, ки Пайғамбар фармуд: «Бештари аҳли биҳишт аблаҳонанд». Барои ҳамин буд, ки гузаштагони

пешина
аз 567
навбатӣ