Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

(соҳиби ҳаракату кор) мутлақи Худо, бандагӣ (маҳдуд будан) ва нотавонии (маҳвшавии) инсонро дар баробари чашмони дил муҷассам ва тасвир месозад, зеро мутафаккир дарк мекунад, ки аз андешаҳои вай «ҷабр» хулоса мегарданд ва иродаву ихтиёри инсон зери шубҳа қарор мегиранд, аз ин рӯ кӯшиш мекунад майл ба ихтиёр намояд. Дар иртибот ба ин Ғаззолӣ хулқу атвори инсон ва феълҳои ӯро ба се қисм тақсим месозад: табиӣ, иродавӣ ва ихтиёрӣ.

Барои мисол кушода шудани об дар натиҷаи ба он афтодани инсон, феъли табиӣ мебошад. Нафас кашидан бошад – феъли иродавӣ. Навиштан ба ҷумлаи феъли ихтиёрӣ дохил мегардад.

Ба андешаи Ғаззолӣ ин се шакли феълҳо, гарчанде ки аз дигар ҷиҳатҳо фарқ доранд, лекин аз нигоҳи ихтиёр надоштан ва ҷабрӣ (иҷборӣ) буданашон якранг ҳастанд, зеро ҷабрӣ будани феъли табиии ошкоро ва маълум мебошад.

Нафас кашидан ҳам, ба қавли вай, ҳамон тавр ҳаст, чунки баъд аз иродаи нафаскашӣ, ҳаракати гулӯ ночор ба вуқуъ мепайвандад. Ирода ҳам ба ихтиёри инсон нест, чаро ки барои мисол агар хоҳанд дар чашми касе сӯзане фурӯ баранд, вай беихтиёр (ва бо ирода) чашми худро мепӯшонад ва наметавонад онро кушода нигаҳ дорад. Аммо навиштан ҳам, ки феъли ихтиёрӣ маҳсуб мегардад ва таърифаш ин аст, ки «агар инсон хоҳад мекунад, нахоҳад намекунад». Ин амал ҳеҷ фарқе аз он ду феъли зикргардида надорад, зеро дар ин ҷо ҳам ирода тобеи илм аст. Он чизеро, ки инсон агар қотеъона донад, бе чуну чаро онро эрод мекунад, чуноне ки гуфтем мисли пӯшондани чашм дар баробари захми сӯзан. Лекин дар сурате, ки инсон доир ба падида ва ё зуҳури қотеъона чизеро надонад, ҳайрон хоҳад монд ва

пешина
аз 567
навбатӣ