Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар он лаҳза аз миёни ду некӣ (хайр) беҳтари он ва аз мобайни ду бадӣ (шар), сабуктари онҳоро ихтиёру интихоб месозад.

Дар ҳолате, ки «хайргузинӣ» ва ё «хайринтихобкунӣ»-ро анҷом диҳад (маънои мафҳуми «ихтиёр» низ ҳамин аст), он гоҳ боз ҳам иродаи вай ҷабран ва беихтиёр ба сӯи некӣ майлон мекунад ва пас аз ин қудрати нуҳуфта дар андомҳо (вуҷуди инсон) вайро амалӣ месозад. Пас инсон аз ихтиёр вақте дам мезанад, ки ҳанӯз аз ақл дар он ҳукме надорад. Дар ҳамон лаҳзае, ки ҳукми лозима тавлид гашта, амр мегардад, феъл ногузир ба инсон сар фурӯд меорад. Худ аз худ маълум аст, ки ин шакли феълҳо бо фаъолияти рефлексӣ, аз қабили нафас кашидан, чашм бар сӯзан ва ё равшании зиёд бастан аз нигоҳи моҳият (ҷавҳар) ва зот тафовуте надорад. Чун дар он ҷойҳо низ феъл бо ирода дар асоси иттилоъ доштан ба ҳукми ақл содир мешавад, ба ҷуз аз ин ки дар як ҷо ҳукми ақл мавҷуд аст ва азми устувору қатъӣ дошта, дар ҷойҳои дигар ақл ҳанӯз ҳукми омода дар даст надорад.

Нуктаи муҳим ин аст, ки на ҳукми ақл ва на хоҳишу (сабаб, қасду оҳанг) иродаи аз он сарзада, на ҳиссу қудрати тасхиркунандаи хоҳиш ва на ҳаракати тасхиркунандаи қудрат ҳеҷ кадоме ба инсон вогузошта нест. Онҳо ҳама аз рӯи зарурият (биззарура) дар инсон ниҳода шудаанд. Инсон бештар аз маҷро ва маҳале барои онҳо нест. Аз ин рӯ «маҷбур будани одамӣ бадин маъно аст, ки вай маҳалли иродае аст, ки пас аз ҳукми ақл, ҷабран дар вай ҳодис мешавад, дар ҳоле ки ҳудуси ҳукми ақл ҳам ҷабрӣ аст. Лизо одамӣ маҷбур аст, ки мухтор бошад. Сӯзондани оташ ҷабрии маҳз аст ва феъли Борӣ ихтиёри маҳз аст. Феъли одамӣ манзалате миёни он ду манзалат дорад. Чаро ин одамиро бар мухтор будан маҷбур кардаанд ва ин на бо ҷабр мунофот (мухолифат

пешина
аз 567
навбатӣ