Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

– А.Ш.) дорад на бо ихтиёр, балки назди соҳибони басират маъное дорад ҷомеи ҷабру ихтиёр ва феъли Худоро ҳам, ки ихтиёр мегӯем, набояд чунин фаҳмида шавад, ки феълест ношӣ аз иродаи масбуқ ба тахайюр ва тараддуд (дудилагӣ, шакку шубҳа – А.Ш.), чаро ки чунин чизе бар Худованд муҳол аст ва усулан ҷомеи алфози забон вақте дар ҳаққи Худованд ба кор мераванд, маҷозӣ ва истиъорӣ мешаванд»1.

Дар ин масъалаи муҳими каломӣ зебоӣ ва камолоти андешаҳои Ғаззолӣ, равшанӣ ва аёнии маъно дар зеҳну забони вай, воқеан таҳсиновар аст. Ба андешаи мо беҳтар мебуд агар мутафаккир васфи ҷабрӣ ва ихтиёриро фақат барои «феълҳо» нигаҳ медошт ва ҷое, ки феъле дар миён нест аз он васф намекард. Ақл ё иродае, ки аз феълҳои инсон нестанд то унвони ҷабрӣ ва ихтиёрӣ гиранд. Ҳамчуноне, ки чашму гӯш ва ҳатто ҷигар ҳам чунон нестанд. Инҳо ба гурӯҳи аъзоҳои ҷисмонии бадани инсон ва ақлу ирода бошанд ба аъзоҳои равонии инсон дохил мешаванд. Он чизе, ки баъд аз ҳукми ақл ва ҳаракати ирода ба вуҷуд меояд феъли одам буда, он феъли иродавӣ маҳсуб мегардад ва ба ду шоха, яъне беихтиёрӣ ва ихтиёрӣ тақсим мешавад: феъли иродавии инсон ризоятмандона ихтиёрӣ буда, феъли иродавӣ дилнокашона (бо нафрат) ғайриихтиёрӣ мебошад. Инсон гоҳе дар натиҷаи таъсири қаҳру ғазаб хашмгинӣ, яъне феълеро ҳангоми нохушнудӣ ирода мекунад ва анҷом медиҳад. Чунин феъли инсон феъли иродӣ ва ғайриихтиёрӣ аст. Ин низ дуруст аст, ки сохтори равонӣ (психикӣ) ва ҷисмонии инсон, чунон тартиб ёфтааст, ки феъли ихтиёриро ҳам барои вай муяссар месозад. Лекин номи ҷабр ба сохтори вуҷуди инсон гу-

1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 4. рубъи мунҷиёт. Китобу-т-тавҳид ва-т-таваккул. – С. 254-255.

пешина
аз 567
навбатӣ