Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

қавли вай, иҷтиҳод (ба даст овардани дониши олӣ, ба хусус дар бахши фиқҳ) ва истидлол, усули олимон буда, ба тадриҷ илмро насибашон месозад: «Чун инро донистӣ, ҳол бидон, ки майли аҳли тасаввуф ба улуми илҳомӣ аст на улуми таълимӣ ва ба ҳамин сабаб ба таҳсили кутубу илм ва ҷустуҷӯи ақвол ва адилла рағбате намеварзанд ва балки ба муқаддам доштани муҷоҳида ва маҳви сифоти накӯҳида ва қатъи тааллуқот ва рӯй овардани тамом ба Худованд қоиланд ва мегӯянд, агар дил пок шавад, Худованд дили бандаашро таваллӣ хоҳад кард ва онро ба нури илм равшан хоҳад намуд... Лизо кори банда ҳамин аст, ки бо тасфияи дил ва эҳзори ҳиммат ва иродаи содиқ ва аташи тамом ва интизори мудом, худро мустаид созад, то Худованд боби раҳматро бар ӯ бигшояд»¹.

Ғаззолӣ дар асоси таҳлил аз ҷаҳонбинию мақоми аҳли тасаввуф ба натиҷае меояд, ки ба қавли суфиён инсон бояд сараввал дилашро аз тааллуқ доштан ба дунё, зану молу фарзанд, ватану илму мансаб раҳо кунад ва чунон шавад, ки ҳастӣ ва нестӣ (вуҷуду адам) ҳама чиз барои ӯ якхел бошад. Он гоҳ бояд танҳо дар хилватгоҳ нишаста, хотири худро ба хондани Қуръон ва ҳадису дигар китобҳо банд нанамояд. Кӯшиш намояд ба ҷуз аз Худо дар дили вай дигар чизе боқӣ намонад ва фақат зикри «Аллоҳ-Аллоҳ»-ро бар забон ҷорӣ кунад ва чунон ба ин кор мухлисона ва огоҳона идома диҳад, ки то агар зикр ҳам нагӯяд чунон пиндорад, ки зикр бар забонаш ҷорӣ аст. Сипас, ба қавли Ғаззолӣ, солик гузорад, ки таъсири зикр аз забонаш маҳв шавад ва дили вай ба он машғул гардад. Баъдан дилро низ пос дорад, то сурати лафз («Аллоҳ-Аллоҳ») аз вай раф-

¹ Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи муҳликот. Китоби аҷоибу-л-қулуб. – С. 39-43.

пешина
аз 567
навбатӣ