Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

та, маънои он дар дил устувор монад. Тамоми онҳо, ба андешаи Ғаззолӣ, сабаб мешаванд насими раҳмати Илоҳӣ ба солик вазида, ба дили хазонзадаи ӯ хуррамӣ ва ҳаёти баҳорӣ бахшад.

Илова бар ин Ғаззолӣ меафзояд, ки агар солик ҳиммату ирода намуда, дили хешро аз алоқамандиҳои дунё ва шаҳват пок созад, каме нагузашта маъноҳо дар дили вай дурахш медиҳанд ва рӯшноии хотире ба ӯ метобад. Ин рӯшноӣ гоҳе зуд-зуд, гоҳе каму беш ва гоҳе тӯлонӣ ва гуногуну рангбаранг дар вуҷудаш ҷилва медиҳад: «Соҳибназарон ва тезбинон гарчӣ вуҷуди ин тариқ ва имкони онро инкор намекунанд ва мӯътақиданд, ки нодиран ба мақсад мерасанд, лекин боранд, ки роҳе аст душвор ва дарахте аст, ки дер мева медиҳад ва ҷамъ шудани ҷамеи шароити самарабахши он бисёр баъид аст... Дар аснои он гуна муҷоҳидот эй басо, ки бадан бемор гардад ва ҳирад ихтилол пазирад ва мизоҷ фосид шавад, ва чун масбуқ ба илм нест, эй басо, ки хаёлоти фосиде дар дил рахна кунад ва росих шавад ва сутурданаш ҷуз дар замони дароз муяссар нагардад. Басо суфиён буданд, ки дар ин тариқ, бист сол гирифтори хаёли хосс шуданд ва агар қабл аз вуруд ба водии муҷоҳидат, дар илм собитқадам меёфтанд, ҳамон ибтидо аз фасоди он хаёл огоҳ мешуданд... Лизо тезбинон ва ноқидон бар онанд, ки ибтидо бояд дастовардҳои олимонро фаҳму таҳсил кард ва пас аз он маъне надорад, ки одамӣ ба муҷоҳидат даст барад ва чашм дар роҳи кашфҳо ва фатҳҳои маънавӣ бинишинад»1.

Ғаззолӣ баъдан мисолҳое аз румиён ва хитоиён меорад, то фарқиятҳои он ду усулро дар илҳом ва таъ-

1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи муҳликот. Китоби аҷоибу-л-қулӯб. - С. 43.

пешина
аз 567
навбатӣ