Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
аз Мансури Ҳаллоҷ нақл мекунад, ки ҳангоми ба дор кашиданаш аз ӯ пурсиданд: Тасаввуф чист? Ӯ посух дод: «Нафси ту аст, ки агар ӯро машғул накунӣ, ӯ туро машғул хоҳад кард». Вале сарфи назар аз ин гуфтаҳои худ Ғаззолӣ пойбанду шайдои ирфон ва ахлоқи орифони солеҳ буд.
Ҳамин аст, ки ҳُсни таваҷҷӯҳи Ғаззолӣ ба аҳли тасаввуф ва одобу ахлоқи онҳо «Эҳёи улуми-д-дин»-ро саршор аз ҳикояҳо, андешаҳо ва суханони аҳли ин мазҳабу фирқа доир ба фақр, зӯҳд, сабр, таваккул, маҳаббат, ризо, самоъ, ваҷд, риёзат, фазилатҳо ва разилатҳои нафс, дунёгурезиҳо ва дигар масъалаҳои тасаввуфӣ кардааст.
Ҳамин мавқеи мутафаккир нисбат ба тасаввуф буд, ки Ибни Ҷавзӣ Ғаззолиро ба «арзон фурӯхтани фиқҳ ба тасаввуф» муттаҳам кунад ва Файзи Кошонӣ «ақл ва қиёсати вайро фосид» хонад. Бидуни тардид ҳамон васвасаи азими Ғаззолӣ дар пок сохтани замири инсон аз ғайри Худо ва шавқи бузургаш ба иморат кардани хонаи дил бо ӯ аз худ кардани сидқу вафо ва ҳиммати баланду ахлоқи ҳамида на танҳо идеали орифонааш буд, балки зиндагии рӯзмарраи вайро ба ҳамин моҷаро роҳсипор сохта буд. Ҳамин шавку васваса ва фикру хаёлоти вай нисбат ба зиндагии поку беолоиш сабаб шуд, ки вай умрашро дар ташвишу талхкомӣ ва асрат гузаронад. Пайравӣ аз одобу бидъатҳои норавои сӯфиён зиндагиро барои ӯ чунон танг сохта буд ва чандон аз лаззатҳову неъматҳо дур карда буд, ки билохира эътидол дар қавлу феълаш ҷой гирифта ӯро водори изҳори худнописандӣ ва нодида гирифтани бузургиҳояш сохт.
Масъалаи аввалини ирфонӣ, ки Ғаззолӣ дар «Эҳёи улуми-д-дин» ба он такя намуд ин «риёзати нафс» аст. Вай дар баёни «шартҳои ирода ва муқаддимоти муҷоҳида»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё