Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
менависад, ки ҳангоме инсон ба дил бовар кард, зиндагии дуввум дар интизори вай қарор хоҳад гирифт, дар он сурат неъматҳо ва лаззатҳои дунявиро хор хоҳад шумурд ва бо ҷидду ҷаҳд деҳқонии ҳаёти дигарро пеша хоҳад кард. Дар ин роҳи хеле мушкил ва худгузариҳову худнописандиҳо барои инсон шартҳои бисёре вуҷуд доранд, ки аввалини онҳо, ба қавли Ғаззолӣ, ин рағбату ирода аст, ки солик пеш аз сулуки тариқи охират бояд ба онҳо вафо кунад. Пас аз тай намудани ин муқаддимот бояд касеро ҷустуҷӯ кунад, ки тавонад ба вай дар ин роҳи пурхатар такя намояд ва қалъае пайдо кунад, ки дар он паноҳ барад ва фарзҳову одобҳои мушаххасро бояд ба ӯҳдадорӣ гирад ва онҳоро ба худ лозим донад.
Шарти нахустин дар байни аҳли тасаввуф ба қавли мутафаккир, ин аст ва тамоми соликон бар он бархоҳанд гашт ин талаби солик аз байн бурдан ва даронидани ҳиҷобҳои миёни вай ва Худо мебошад. Ин мақсад дар сурате ҳосил хоҳад шуд, ки дилро аз молу ҷоҳ ва таклиду маъсият (рафтору ҳаракат бар хилофи амру наҳйи дину шариат, кори номашрӯъ) озод созад: Аз ҳар чӣ дорад ба қадри зарурат гирифта, боқимондаи онро аз худ дур созад. Хоксорӣ, фурӯтанӣ ва шикастанафсию гумномиро пеша карда, аз ман-манию худписандӣ номоварию анҷоми рафторҳои мардумнописандӣ, офатҳои мансабу шуҳрат раҳо созад. Ба ҳеҷ мазҳабу машрабе таАССУб наварзида, калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадур расулуллоҳ»-ро тасдиқ намуда, ба он гардан ниҳода, эътироф созад ва ба ҳамин роҳ худро аз таклиди ин ва он ва болотар аз ҳама аз бандагию хизматгузории ҳавову ҳавасҳои нафс фориг намояд. Кашфи ҳақиқати он ақидаро на аз роҳи баҳсу ҷидол, балки аз роҳи ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиш (муҷоҳида) хоҳиш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё