АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Муқоисаи натиҷаҳои таълим Китоби дарсии “Забони модарӣ” барои синфи 4. Душанбе, Низоми таълими ба дониш асосёфта
Низоми таълими ба салоҳият асосёфта
Хонанда таърифи исм, сифат, феъл ва ғайраро медонад. Хонанда аз матн(ҷумла) калимаҳои ифодакунандаи исм, сифат, феъл ва ғайраро муайян карда метавонад.
Хонанда калимаҳоро аз рӯйи хусусияташон (ҳиссаи нутқ) ба гурӯҳҳо ҷудо карда метавонад.
Бо исмҳо ҷумла сохта метавонад. Исми хос аз ҷинсро фарқ мекунад. Сифатро аз феъл, ҷумлаи содаро аз ҷумлаи мураккаб фарқ мекунад.
Барои баёни мақсадҳои гуногун мавзуъ ва мазмуни мувофиқ интихоб намуда, матни хатии ҳаҷман калонтари сохтораш гуногун (ҳикоя, афсона, табрикнома, мактуб, элон, дастурамал) эҷод мекунад.
Матнро равону бурро ва бо овози баланд мехонад. Шеърро бурро ва ифоданок мехонад.
Мазмуни матни хондаашро нақл мекунад. Дар як дақиқа ... калима мехонад. Ба саволҳои матн ҷавоб гуфта метавонад.
Қоидаҳои хондан (риояи задаи мантиқӣ, пайдарпайии калимаҳо)-ро медонад ва риоя мекунад.
Стратегияи мувофиқро истифода бурда матнҳои ношиносро мехонад.
Мазмуни матнҳои ношиноси миёнаҳаҷм (то 300 калима), ки 5-6 калимаи нав доранд, дарк карда, фикри асосиро муайян мекунад.
Дар бораи фасли баҳор нақл мекунад. Доир ба мавзуъҳои модар, Наврӯз ва ғайра нақл мекунад. Аз рӯйи расм ҳикоя мекунад. Дар мавзуи ... муколама тартиб медиҳад.
Ахбори шунидаро дар шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ (саволу ҷавоб, муҳокимаҳои умумӣ, нақли муфассал, мухтасар ва интихобӣ) ва хаттӣ (имло, навиштани пайдарпайии воқеаҳои шунида, нақли хаттӣ, навиштани хулоса) истифода мебарад
Мазмун ва мақсади асосии сухани гӯянда(гон)-ро ки ба синну сол мувофиқ аст муайян карда,муносибати худро баён мекунад.
Дар вазъиятҳои гуногун қоидаҳои маъмули сухангӯйӣ (одоби муошират)-ро риоя мекунад ва аҳаммияти риоя кардани ин қоидаҳоро шарҳ дода, дигаронро ба риояи онҳо даъват мекунад.
Статегия (тарз, роҳу усул)-и мувофиқи гуфтанро вобаста ба хусусиятҳои синнусолӣ истифода мебарад.
Хусусиятҳои мазкур муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибати байниҳамии онҳоро муайян мекунанд. Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сатҳи донишазхудкунии хонандагонро баланд бардошта, ҳамзамон, барои ташаккули чунин қобилияти маърифатии онҳо мусоидат кунад:
Тағйирпазирии нақшаҳо.
Кам шудани нақли омӯзгор ва зиёд шудани фаъолияти хонандагон.
Саволгузорӣ аз ҷониби хонанда (на танҳо ҷавоб додан).
Дар раванди дарс ташкил намудани муколама ва посух додани хонанда ба анҷом расонидани он.
Хонандагонро ба омӯзиш ҷалб карда тавонистани фазои таълимии дарс.
Хонандагонро ба фаъолияти мустақилона таҳқиқ кардани омӯзиш ҳидоят намудан.
Фароҳам овардани фазои мусоиди омӯзиш.
Дар низоми таълими босалоҳият раванди ташаккули салоҳиятҳо вақт ва муносибати мураккабро талаб мекунад. Дар муқоиса бо низомитаълими ба дониш асосёфта, ки хусусияти тазаккурӣ дорад, низоми нав иҷрои амалҳои дараҷаҳои гуногуни мураккабӣ ва давомнокии мухталифро талаб мекунад.
Масалан, олимони соҳаи педагогика ва методика: Лутфуллозода М., Бобизода Ғ. [47 ], Равен Дж.[276], Троянская С.Л. [322], Хуторской А.В. [334,335] дар асарҳояшон дар хусуси хонанда бояд оид ба сохтори матн (мактуб, ҳикоя, гузориш, мақола ва амсоли он), сарфу наҳви забони тоҷикӣ дониши мукаммал дошта, тарзи баёни ақидаи худро дар сохтори муайяни матн машқ кунад, мустақилона нависад, матни эҷодкардаашро арзёбӣ кунад ва таҳриру такмил диҳад.баён намудаанд. Оё ин салоҳиятро ҳамаи хонандагони синф дар як вақт аз худ мекунанд? Маҳз барои ҳамин дар низоми таълими босалоҳият раванди таълим усул, муносибат ва воситаҳои гуногунро тақозо мекунад.Чуноне ки маълум мегардад, раванди таълим дар муносибати босалоҳият ба таълим мураккаб гардида, вақт ва неруи бештарро талаб мекунад.
Агар чунин муқоиса кардан раво бошад, муносибати босалоҳиятро ба таълими касбӣ, аз ҷумла, дузандагӣ, рассомӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, ошпазӣ, сартарошӣ, меъморӣ ва амсоли онҳо монанд кардан мумкин аст.
Барои татбиқи низоми мазкур омӯзгорон бояд якчанд назарияҳои асосии таълимоти муосирро донанд ва ба таври самаранок дар амал татбиқ карда тавонанд. Назарияҳои таълимии мазкур аз фан вобаста набуда, раванди таълим гирифтан, малакаву маҳорат ҳосил карданро инъикос мекунад. Назарияҳои мазкур метавонанд барои ташаккули методологияи фанҳои гуногун замина гузоранд.ХУЛОСАИ БОБИ ЯКУМ
Таҳлили ҷараёни рушди ақидаҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони хурдсол дар таҳқиқоти равоншиносию педагогӣ оид ба назарияи рушди зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ, инчунин, дар сайри таърихӣ ба сарчашмаҳои афкори педагогӣ нисбат ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ (афкори фалсафӣ, равоншиносону педагогҳои аврупоӣ, Россия, Шуравӣ ва мутафаккирони тоҷик) баёнгари он аст, ки онҳо оид ба равобити рушди зеҳнӣ ва фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон андешаҳои ҷолиб пешниҳод намудаанд.
Онҳо дар андешаҳояшон ба эътибор гирифтани имконоти зеҳнии хонандагони хурдсолро таъкид намуда, дар раванди ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон саҳми асарҳои методии методистони солҳои 20-50-уми асри XX-ро баланд арзёбӣ намудаанд, дар муқоиса асарҳои солҳои 60-80-ум офаридаи методистону олимони соҳаро арзишмандарин меҳисобанд. Дар ин солҳо асарҳои олимон ва методистон тоҷик И.Хоҷаев, А.Эшонҷонов, М.Шукуров, А.Раҳмонов дар пешрафти соҳаи илми методикаи таълими забони модарӣ нақши босазо гузошта буданд. Солҳои 80-90-уми асри XX олимони соҳаи методикаи таълими забони модарии синфҳои ибтидоӣ М,Лутфуллозода,
Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев ва дигарон дар асарҳои методиашон вазъи методикаи таълими фанро таҳлил ва баҳодиҳӣ намуда, ба сифати нақша, барномаҳои таълим, китобхои дарсӣ, маводи дидактикӣ, фаъолияти мустақилонаи хонандагон ба хотири рушди зеҳн ва нутқ дар таълими забони модарӣ диққати асосӣ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Аз соли таҳсили 2016 дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим гузаштанд, сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ ташаккул дода шуд ва дар таълимизабони модарӣ ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, имконияти зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Ба тайёрии касбии кадрҳои педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ диққат дода шуд. Вобаста ба таҳлили ин дастовард ва камбудиҳои он давра ба чунин хулоса омадем:
1. Дар таълими анъанавӣ набудани тадбирҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, додани донишҳои тайёр, набудани ҷустуҷӯи мустақилонаи донишҳо, хонандагонро ба фориғболӣ, андеша накардан, мустақилона амал накардан бурда мерасонад.
2. Азбаркунии бешуурона (қоидаҳо) бидуни маънидод ва шарҳи донишҳои азбарнамуда раванди таълими забони модариро душвор намуд.
3. Омӯзгорон дар раванди дарсҳо аксар вақт масъулиятро бар души худ мегирифтанд ва ба кори мустақилонаи хонандагон чандон аҳаммияти ҷиддӣ намедоданд.
4. Дар таълими анъанавӣ бештар диққати асосӣ ба таълими назариявӣ нигаронида шуда буд, аз ин лиҳоз, мустақилияти хонандагон чандон равшан ба назар намерасид.
5. Айни замон фаъолияти эҷодии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ рушд ёфта, сатҳу сифати дониши хонандагон рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.
6. Вазъи ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнӣ ва нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ рӯ ба беҳбудӣ овард.
7. Истифодаи методҳои гуногун, воситаҳо ва маводи дидактикӣ ба рушди зеҳн ва нутқи хонандагон таъсири мусбат расонид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё