Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ТАЪЛИМӢ

ОМИЛИ ҲАЛКУНАНДАИ РУШДИ ЗЕҲНИЮ НУТҚИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

2.1. Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ дар раванди таълими забони модари дар синфҳои ибтидоӣ

Тарбияи зеҳнии шахсият ба кӯдак ҳуқуқ ва имкон медиҳад, ки доно бошад. Шикастани ин ҳуқуқ ҳам барои кӯдак ва ҳам барои ҷомеа дар оянда хеле гарон меафтад. Бинобар ин, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар мавриди ташкил ва интихоби мазмуни таълим ва машғулиятҳои таълимӣ бояд муносибати босалоҳият зоҳир намуда, махсусан, инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон ва ба талаботи даврони муосир ҷавобгӯ будани донишу фаҳмиши онҳоро таъмин намоянд. Маданияти зеҳнии кӯдаконро ташаккул дода, вазифаҳои таълим ва низоми амалҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯйии онҳоро бояд риоя намуд, ки барои таҳлили мустақилонаи ашё, ҳодисаю воқеаҳои олам, табиат, маҳорати муқоиса, тасниф, умумият додан ва гурӯҳбандии онҳо заруранд ва ин амалҳо, асосан, муваффақияти ояндаи хонандагонро дар таҳсил ва ҳаёт таъмин хоҳад кард.

Роҷеъ ба ин масъала академик Шарифзода Ф қайд мекунад: “Дар раванди ҳалли масъалаи инкишофи зеҳнию фикрии кӯдакон машғулиятҳо бояд мазмуни мушаххас ва дастрас дошта бошанд. Ҳалли ин масъала имконият фароҳам меоварад, ки тадриҷан маҳорати зеҳни рушдёфтаи хонандагон на танҳо дар рафти машғулиятҳои умумӣ, балки дар раванди фаъолияти рӯзмарраи инфиродӣ ва мустақилонаи хонандагон ташаккул дода шавад, яъне ба шароите, ки онҳо имконияти

“кашф кардан”-ро доранд. Дар ин ҳолат омӯзгор ноаён нақши иштирокдорони “кашфиёт”-и кӯдаконро мебозад, яъне ӯ роҳҳои ҳалли масъала ё мушкилотро нишон намедиҳад, балки дар ҷустуҷӯйи мустақилонаи роҳҳои ҳалли масъалаҳо кӯдаконро дастгирӣ мекунад”.

Ташкил ва доир кардани чунин машғулиятҳо аз омӯзгор муносибати махсуси ибтикорӣ (иноватсионӣ)-ро, тақозо менамояд.

Ҳамзамон ташаккули пайдарҳам ва бонизоми маҳоратҳои одитарини зеҳнӣ барои рушди минбаъдаи тафаккур, аз худ кардани мафҳумҳои нисбатан мураккаб замина мегузорад, яъне аз ҷониби омӯзгорон фаҳмидани муҳиммияти инкишофи зеҳнии кӯдакон ба тайёрии онҳо барои аз худ кардани донишҳо бидуни садама ба саломатӣ, ба рушди онҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, ба он мусоидат менамояд, ки шавқу рағбати маърифатии кӯдакон барои зинаҳои баъдинаи таҳсилот осеб набинад, балки афзоиш ёбад.

Маданияти зеҳнӣ ва тафаккури ташаккулёбанда, ки нерубахши якдигаранд, ҳамзамон рукни эҷодӣ ва омили бакорандозии қобилияти ҳамаи иштирокдорони раванди педагогӣ буда, кӯдак дар он арзишҳои зеҳнӣ ва фикриро азхудкунон қобилияту истеъдодҳои фардии худро ривоҷ медиҳад, қувва ва сифатҳои табииашро ба кор меандозад ва ба раванди ривоҷу такмили зеҳну тафаккури худ ворид мешавад, ба иҷрои фаъолияти таълимиаш идома медиҳад.

«Тафаккури кӯдак дар давраи гузариши инкишофӣ қарор ёфтааст.

Дар ин давра гузариш аз нигоҳи симоӣ ба калимавию мантиқӣ, ба тафаккури дарккунӣ ба амал меояд, ки фаъолияти фикронии кӯдак хусусияти дутарафа пайдо мекунад. Фикри амиқ, ки бо ҳақиқати ҳол пайвастааст ва бо мушоҳидаи бевосита аллакай ба принсипҳои мантиқӣ итоат мекунад, лекин муҳокимаҳои расман мантиқӣ ба кӯдакон муяссар нест. Инчунин, бо инкишофи тафаккур пайдошавии навовариҳои муҳимми давраи хурдсолӣ алоқаманд мебошанд: ташхиси нақшаи фаъолияти дохилии рефлексия. Ин навовариҳо дар хонандагони хурдсол дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ ташаккул меёбанд». Малакаҳои тафаккури мустақилонаи омӯзишии хонандагон дар натиҷаи захираҳои табиӣ ақл, зеҳн ва шуур, хотир ва унсурҳои қобилияти азалии фаҳмиш, омӯзиш, мушоҳида, муқоиса, таҳлил, кашфи робитаҳо, фарқият ва монандии ашё, ҳодисаю воқеоти олам (табиат, ҷамъият) ва баровардани хулосаҳои одитарини мантиқӣ рушд ва ташаккул меёбад.

Барои муайян кардани мақсад ва вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар раванди таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба бедорӣ ва рушду ташаккули фикрии кӯдак, пеш аз ҳама, волидайн метавонанд саҳмгузор бошанд. Онҳо тавассути бошуурона ташкил намудани бозиҳои фикрӣ, аз ҷумла, парвози ҳаёл, расмкашӣ, суробсозӣ, эҷоди лоначаҳо (барои парандагон), бофтани афсонаҳо, давом додани афсонаҳои нотамом, амалҳои қаҳрамонони ҳикояҳо, филмҳои тасвирӣ, бадеӣ ва монанди инҳо метавонанд ба зеҳн ва тафаккури эҷодии кӯдак рушд бахшанд.

Чуноне ки академик Ф.Шарифзода қайд кардааст, “...рушди қобилияти зеҳнӣ дар навбати аввал дар мактаби ибтидоӣ пешоҳанг, заминагузор ва масъул мебошад, зеро “Хишти аввал”-ро дар ташаккули инсони комил ва соҳиби тафаккури мустақилона, интиқодӣ,таҳлилӣ ва эҷодӣ маҳз мактаби ибтидоӣ мегузарад.”.

Муҳимтарин роҳҳои ташаккули маҳоратҳо дар кӯдакон чунин аст:

- мушоҳида, муқоиса ва шинохти рангҳо, садоҳо, бӯй, мазза, хунукӣ, равшанӣ, ториқӣ, наздиқӣ, дурӣ, нармӣ, сахтӣ, меҳрубонӣ, дағалӣ, зебоӣ, безебӣ, худӣ, бегона ва монанди инҳо.

- мушоҳида ва муқоисаи сифату хислатҳои ашё, ҳайвоноти хонагӣ, ваҳшӣ, ҳодисоти табиат: шамол, борон, барф, офтоб, моҳтоб, ситорагон, гармӣ, хунукӣ, рӯз, шаб, вақт, абр, раъду барқ, рангинкамон...

- сайру саёҳатҳои мақсаднок ба табиат ва мушоҳидаи ҷӯй, наҳр, руд, дарёҳои кишвар, дарахтон, сабзазорҳо, зироат, парандаҳо, ҳайвонот, кӯҳсору саҳроҳо, талу тепа ва адирҳо, муқоисаи онҳо, ёфтани монандӣ ва фарқ, қайд кардани зебоиҳои чизҳои мушоҳидашуда, таҳлил ва хулосаҳои одитарни мантиқӣ...;

- ба корҳои тасвирӣ ҳавасманд кардани фарзандон дар хонавода, суробсозӣ ва расмкашии тахминии баргу гулҳо, меваҳо ҳайвоноти хонагӣ, парандаҳо ва ҳатто расмҳои тахминии бобою бибӣ, падару модар, хоҳару додар, суробсозӣ дар ин мазмунҳо ва ғайра, ки ҷавобгӯйи талаботи зебопарастӣ, бакорандозӣ ва бедории фикри кӯдак аст;

- қисм-қисм хондан ва шавқманд кардани фарзандон ба китобхонӣ: ҳикоя ва афсонаҳои кӯдаконаи хурду шавқовар, хондани қиссаҳо рӯзона ва, хусусан, пеш аз хоби кӯдак;

- тамошои намоиш, саҳначаҳо, филмҳои тасвирӣ, саволу ҷавоб бо кӯдакон оид ба мазмун ва моҳияти онҳо;

- ҷалб ва ҳавасмандии кӯдак ба корҳои одитарини ҳавлӣ ва хона, анҷом додани ин корҳо мувофиқи имконият ва мароқи кӯдак;

- гузаронидани бозиҳои зеҳнӣ (масъалагузорӣ) бо кӯдакон дар вақти муайян, аз ҷумла байтбаракҳо;

- намунаи ибрат будани волидайн дар риояи одоби таом хўрдан ва нишастан дар сари дастархон, қабулу пазироии меҳмон, талабу риояи ин одоб аз ҷониби кӯдакон;

- ёрӣ хостан аз кӯдакон барои ташкили тозагии хонадон ва роҳҳои омода намудани таомҳо ва монанди инҳо;

- иваз кардани ҳарфҳо дар калимаҳо: нон, ҷон, хон, дон, гуфт, руфт, ҷуфт, муфт, хона, шона, дона ва ғ.

Силсилаи ин ва дигар тадбирҳои одитарини таҷрибавӣ, чи аз ҷониби волидайн ва чи аз ҷониби омӯзгорон ва мураббиён, дар ибтидо боиси бедории фикрӣ ва манбаъ тадриҷан асосии рушди фикрӣ таҳлили бошуурона, мустақилона, муназзам ва эҷодӣ хоҳад шуд. Зеро “шуури кӯдак ҳамчун низоми назарҳо ва боварӣ, қабл аз ҳама дар натиҷаи азхудкунии донишҳои одитарин ташаккул меёбад”.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар раванди таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ дар рушди тафаккури мустақилонаи омӯзишии хонандагон дар раванди амалҳо, бозиҳои гунгуни зеҳнӣ, хаёлӣ ва дидактикӣ, тавассути бедории бомароми фикр ва тафаккури мустақилона инкишоф меёбад. “Яъне, фикр ва зеҳни инсон ҳамеша дар раванди на фаъолияти якрангу якнавохт, балки маҳз дар раванди фаъолиятҳои гуногун, монеадор ба ҳам тавъам, решапайванд гардида, рушду нуму меёбад. Ин ҳодиса асрори рушди ташаккули инсон аст ва, хусусан, дар синфҳои ибтидоӣ бо авҷу босуръат зуҳур мекунад”.

Дар инкишофи тафаккур нақши зеҳн асосӣ буда, рушди унсурҳои тафаккур ба зеҳни инсон вобаста аст. Агар таълиму тарбия фаъолияти худро дар асоси риояи “ рушди зеҳн ва фикри комил” анҷом диҳад, насли навини ояндасози мо дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир гардида, дар рушди устувори Ватани азизамон даҳчанд саҳмгузор хоҳад буд.

Фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонанда на танҳо ба воситаи маводи шавқовари таълим ва методҳои гуногуне, ки хонандагон ҳангоми иҷрои он ҳавасманд карда мешавад, балки бо хусусияти муносибатҳо, ки омӯзгор дар ҷараёни таълим муқаррар мекунад, пешниҳод намояд. Дар шароити фазои некӣ, эътимод, ҳамдардӣ ва ҳурмату иззат, хонанда осон ва бо шавқу ҳавас вазифаи таълимию маънавиро қабул ва аз худ мекунад. «Ҳамаи мушкилиҳои ташкили ҳавасмандкуниҳо дар он ифода ёфтааст, ки вай ҷаҳони ботинии хонанда мебошад ва бо ангезаву ҳавасҳои вай муайян мешавад ва омӯзгор танҳо ба онҳо таъсир мерасонад, заминаҳоро ташкил мекунад, ки дар асоси онҳо манфиатҳои шахсии вай дар фаъолият пайдо мешавад». Мақсади асосии назароти педагогии ҷараёни таълиму тарбия аз тарафи омӯзгорон дар дарсҳои забони модарӣ таъмин намудани инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳоии ибтидоӣ буда, ба ташаккулёбии шахсияти фаъолу эҷодкор равона шудааст. Илова бар ин, фаъолкунии хонандагон дар шароити ҳозира масъалаи асосии фаъолияти омӯзгор мебошад.

Ҳар як омӯзгор оид ба ташаккули мақсадноки ақлонии хонандагон аз намуду методҳои гуногуни ташаккулёбии ҷаҳони маърифатӣ бо мақсади рушди тафаккури фардӣ истифода мебарад. Вай, пеш аз ҳама, азхудкунии маводи таълимиро аз тарафи хонандагони қафомондаи сусттар таъмин месозад ва дар онҳо мафҳуми ноуҳдабароро нест мекунад.

Имрӯз методҳои нави роҳбарӣ ва роҳҳои дигари таълим вуҷуд доранд, ки ба инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ равона шудаанд, ки имконияти осонгардонӣ ва ҷараёни омӯзишро боз ҳам самаранок ва шавқовар мегардонанд.

Дар чаҳорчӯбаи таълимоти технологии Б. Блум, соли 1956 якумин таснифоти мақсадҳои педагогӣ (маҷмуи алоқамандонаи иерархӣ) сохта шуда буд.

Б. Блум ва Д. Кратвол бо назардошти инкишофи маҳоратҳо мақсади таълимро ба се давра тақсим карданд: когнитивӣ, психикӣ, самаранок (эмотсионалию арзишӣ). “Таксономия” аз забони юнонӣ taxis (мавқеъ, сохт, тартиб ва homos-қонун) гирифта шуда, назарияи таснифот ва ба танзими доираҳои мушкили фаъолияти ташкилшуда мебошад, ки сохти иерархӣ доранд.

Б.Блум сатҳи инкишофи маҳоратҳоро ҷудо кардааст: дониш, фаҳмиш, истифодабарӣ, ташхис, якҷоякунонӣ ва баҳогузорӣ. Ҳар як сатҳи оянда барои ташаккули худ азхудкунии хуби пештараро талаб мекунад, лекин бар замми ин мумкин аст байни онҳо сарҳади муайяне гузошта шавад, чунки бисёре аз масъалаҳо яку якбора якчанд дараҷаю сатҳоро воқеӣ мекунад. Лекин ин чунин маъно надорад, ки дар фаъолият бо хонандагон ягон намуди сатҳро воқеӣ кардан, ба таври автоматӣ дигар сатҳоро ҳам воқеӣ мекунад. Ба таксономияи Блум ва, инчунин, ба натиҷаҳои таҳқиқотамон такя карда, мо метавонем, муқаррар кунем, ки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд ҷараёни таълимро оид ба ташаккулёбии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ роҳбарӣ карда, ҳар як ҷараёни фаъолиятҳои хонандагонро мушоҳида кунанд.

Таксономияи Б. Блум ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ имконият медиҳад, ки ба ташаккули технологияи педагогии худ мусоидат кунанд, ки метавонад хонандаро ба худтакмилдиҳии боз ҳам дараҷаи баланди донишандӯзӣ водор ва равона кунанд.

Истифодаи чунин роҳ дар синфҳои озмойишӣ дар ҷараёни таълими забони модарӣ ба интихоби мазмуни маводи таълимӣ вобаста буда, боиси ба дигаргуниҳои ҷиддӣ муваффақ шудани омӯзгорону хонандагон мегардад.

Яке аз омилҳои муҳимми инкишофи хонандагон маҷмуи фаъолияти омӯзгор ва истеъдоди вай мебошад. Омӯзгорон баҳри шавқовар ва ҷолиб намудани фаъолият ва татбиқи мақсадҳои педагогӣ имконияти ҳавасманд кардани хонандагонро доранд. И.Я.Лернер марбут ба ин масъала зикр намудааст: «Омӯзгор шахси мутасаддии ҷомеа барои тарбияи фарзандони мо мебошад. Омӯзгорони боистеъдодро маҳорати пешкаш кардани вазифаҳои таълимии муназзаме, ки хонанда ҳангоми ҳалли онҳо ба мақсадаш расад, яъне фанни дарсиро ё ин ки ягон намуди фаъолияти муайянро аз худ кунанд, фарқ мекунонад». Пештар диққати асосии омӯзгорон ба донишандӯзии хонандагон равона шуда, ба фаъолияти мустақилонаи онҳо камтар диққат дода мешуд. Дар натиҷа дар синфҳои ибтидоӣ ҷараёни таълим хусусияти пешкаш кардани донишҳои тайёрро дошт. Дар ин давра самти асосии илм ва таҷрибаи педагогӣ ба хусусияти фаъолияти хонандагон равона буд, ки мувофиқи вай маҷмуи методу қоидаҳои таълим коркард карда шуда буд ва инкишофи хотираи хонандагон, мусаллаҳгардонии хонандагон бо асосҳои илмӣ, ки аз тарафи кӯдакон «бо тарзи тайёр» азхуд карда мешуданд, таъмин мегардид. То вақти муайян чунин намуди таълим иҷрои вазифаҳои дар мактаб гузошташударо таъмин мекард.

Дар шароити ҳозира дар таълимоти мактаби ибтидоӣ роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки вобаста ба онҳо гузоришҳои пештара дигаргун ва иваз карда мешаванд, камбудиҳои таълимӣ, расмию шифоҳӣ ошкор шудаанд, ки хусусияти тазаккурии фаъолияти хонандагонро дорад.

Аз диди мо, камбудии ҷиддӣ дар фаъолияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин самт фаъолияти сусти ҷараёни таълим марбут ба роҳҳо ё унсурҳои азхудкунии фаъоли донишҳо мебошад.

Нақши омӯзгорро дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия бо истифодаи роҳҳои интерактивӣ махсус қайд кардан мумкин аст, аз ҷумла, кор дар гурӯҳҳо, ки ҳоло камтар дар синфҳои ибтидоии ҷумҳурии мо истифода мешаванд. Бар замми ин, кор бо гурӯҳҳо ба ташаккули ҳавасмандкунии хонандагон мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, фаъолияти гурӯҳиро хусусияти ҳамкориҳо байни хонандагон ва фаъолияти якҷояи онҳо ташкил медиҳад. Айни замон чунин фаъолияти якҷояи хонандагон ҳангоми кори гурӯҳӣ ва фардӣ вуҷуд надорад.

Фаъолияти гурӯҳӣ бо ду мақсад гузаронида мешавад: ягона ва бо тафовут. Фаъолияти ягонаи гурӯҳӣ он аст, ки ҳамаи гурӯҳҳо якхела корро иҷро мекунанд, дар фаъолияти тафовутӣ, гурӯҳҳои гуногун вазифаҳои гуногунро дар чаҳорчӯбаи мавзуи умумии дарс иҷро мекунанд (бар хилофи методи лабораторӣ-коллективии солҳои 20-30- юми асри ХХ).

Ҳангоми омӯзиши маводи нав дар бисёр ҳолатҳо кори тафриқавии гурӯҳӣ истифода бурда мешавад. Дар ҷараёни таълим ҳангоми фаъолияти гурӯҳӣ дар байни хонандагон алоқаи гардиши иттиллот ва арзишҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд (ёрӣ ба ҳамдигар, шинохтан ва ғайра).

Дар фаъолияти гурӯҳӣ ҳар як иштирокчӣ метавонад нақши

«интиқолдиҳанда” ва ё “қабулкунанда”-ро иҷро кунад. Дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти гурӯҳӣ ҳангоми ташкили гурӯҳҳо метавонад таъсири ҷиддие ба инкишофи маҳоратҳои гуногуни хонандагон расонад. Зимни фаъолияти яякҷоя хонандагон метавонанд пурра маҳорату истеъдодҳои худро истифода баранд.

Ба ақидаи И. М. Чередов, “фаъолияти коллективии хонандагон дар гурӯҳҳо ба муқарраршавии ҷараёни таълим мусоидат карда, фаъолнокии хонандагонро баланд мекунад, сифатҳои мустақилиятро тарбия мекунад, ба хонандагон якҷоя дарёфт кардани донишҳоро меомӯзад, имкон медиҳад, ки байни худ алоқа кунанд, дар сари вақт ба ёрии якдигар оянд, якҷоя назорат кунанд».

Ҳангоми ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон ҳар як омӯзгор (дар синфҳои озмойишӣ) маводи зиёдеро оид ба маҳоратҳои гуногун ҷамъоварӣ мекунад. Ин мавод ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки хусусиятҳои психологии хонандагонро муайян карда, он садду монеаҳоро, ки ба инкишофи маҳоратҳои азхудкунии хонандагон таъсир мерасонанд, бартараф созанд.

Ҳангоми истифодаи намуди фаъолияти мустақилона дар яке аз синфҳои озмойишӣ мо ба хонандагон бо саволҳои «Оё ба шумо фаъолияти гурӯҳӣ маъқул аст? Агар ҳа, бароӣ чӣ? ва агар не, чаро?” муроҷиат кардем. Натиҷаҳои ин пурсиш (бо фоизҳо) дар ҷадвали №6 оварда шудааст.

Натиҷаи озмойиш нишон медиҳад, ки аксари хонандагон (59, 45%) фаъолияти гурӯҳиро меписанданд. 11,28%-и хонандагон чунин ҳисоб мекунанд, ки ҳангоми истифодаи намуди фаъолияти гурӯҳӣ натиҷаи ҳалли якҷоя назар ба фаъолияти мустақилона хубтар мешавад. Ба миқдори ками хонандагон – 7,71% ин намуди фаъолият барои он маъқул аст, ки имконият медиҳад аз дигарон қафо намонанд.

пешина
аз 32
навбатӣ