Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БАХТ

Бахти ман дунёи зебои ман аст,
Бахти ман ҳусни фиребои ман аст.
Бахти ман ишқи фурӯзони дилам
Дар вуҷуди ношикебои ман аст.

Бахти ман андешаҳои тозаам,
Орзумандии беандозаам.
Бахти ман илҳому истеъдоди ман,
Розгӯиҳои беовозаам.

Бахти ман даргоҳи ободи ман аст,
Хандаи тифлони дилшоди ман аст.
Бахти ман дидори гарми ҳамсарам,
Покии эҳсоси бунёди ман аст.

МОДАР

Модарам, олиҳаи покии ишқ,
Бо дили покиза покам зодаӣ.
Аз вуҷуди поки худ чун меҳри пок
Шири поки модариям додаӣ.

Покият аз пушти поки ту бувад,
Пок оби дидаатро кардаӣ.
Дар лаби домони покат бо азоб
Кӯдакони поки худ парвардаӣ.

Чун сарандози сафеди бастаат
Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед.
Ту ба бахти мо сафедиро ҳанӯз
Бо дуои поки худ дорӣ умед.

пешина
аз 27
навбатӣ