Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданШИКАСТ
Туро ранҷур мебинам,
Фиғон аз ранҷи дунёй!
Дилат аз ишқ менолад
Шаби торики танҳой.
Зи бахти худ пушаймонӣ,
Пушаймонӣ надорад суд.
Ниҳон дар хеш месӯзӣ,
Алови дил надорад дуд.
Зи тақдират гурезонӣ,
Раҳои нест аз қисмат.
Надорад зиндагӣ парво
На аз қисмат, на аз исмат!
Шикасти бахт душвор аст,
Азоби ишқ осон нест.
Вале аз сахтии бахташ,
Бидон ошиқ ҳаросон нест.
Туро ранҷур мебинам,
Чаро аз ғаму парешонӣ?
Гиреҳи бахти худ бикшо
Ба мисли чини пешонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё