Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ОФАРИН
Эҳдо ба хунёгари мумтоз
Давлатманди Хол

Аз суруди рогии ту навбаҳор
Мерасад дар боғу роғи кӯҳсор.
Аз навоят бишкуфад гулҳо қатор,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Дил шавад об аз фалакхонии ту,
Ҷон бисӯзад нолаи ҷонии ту.
Дорад афсун лаҳни Хатлонии ту,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Месароӣ дар ҳавои зиндагӣ,
Мекунӣ ширин навои зиндагӣ.
Дардро бахшӣ давои зиндагӣ,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Қалби кас меҷӯшад аз овози ту,
Хотири касро навозад сози ту.
Базми мардум тафсад аз эъҷози ту,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Ту ҳунарманди бузурги кишварӣ,
Бо хушовозиву бо ромишгарӣ
Пиру барноро ба армуғон оварӣ,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

пешина
аз 27
навбатӣ