Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданЭЙ ШЕЪРИ МАН
Эй шеъри нонавиштаи ман, сарнавишти
ман,
Бинҳуфтаст дар оташи поки сиришти
ман.
Умре ба сар хаёли туро парваридаам,
Дар дил ғами висоли туро парваридаам.
Дар синаам ҳамешаву пайваста метапӣ,
Ҳамчун дили кабӯтараки баста метапӣ.
Охир раҳоят аз қафаси синаам кунам,
Бо ашк қиссаи ғуссаи деринаам кунам...
Эй шеъри ман, ту чун гули армони ман
шукуф,
Ҳамчун кашидадӯзии домони ман
шукуф!
Зебояму ту доғи дилам тоза кай кунӣ?
Зебоии хаёли ман овоза кай кунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё