Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

КӮЛОБ

Эй шаҳри сафеди бахти ман, эй Кӯлоб,
Даргоҳи умеди бахти ман, эй Кӯлоб.
Дар боми баланди хокпӯши ту шукуфт
Гул ҳамчу навиди бахти ман, эй Кӯлоб.

Эй боғи дилам, боғи гулу шаҳпаракон
Чун домани гулдӯзии гулдухтаракон!
Доранд ҳанӯз дар намози шомат
Рози дили кӯдакии ман ахтаракон.

Бар хоки ту ман суҷуд орам умре,
Бо меҳри ту ман вуҷуд дорам умре.
Эй зодгаҳи ҳуҷастаи ман, ба ҷаҳон
Бо ёди ту ман қадам гузорам умре.

Дур аз ту дар обу оташам, эй Кӯлоб,
Оҳ аз дили пуралам кашам, эй Кӯлоб.
Дар иди ту мезадам қалам бар абрӯ,
Акнун зи ғамат қалам кашам, эй Кӯлоб!

пешина
аз 27
навбатӣ