Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

МАРДИ ХУДОДОД
(эҳдо ба Ёрмуҳаммад Гулов)

Худо андешаи ширин ба ман дод,
Ситоиш то туро созам, сухан дод:

Худо дар роҳи неки худшиносӣ
Ба чашмонат фурӯғи илму фан дод.

Туро дар дилшиносӣ як дили пок,
Туро дар гулшиносӣ як чаман дод.

Туро фарзанди худ бишнохт миллат,
Туро, то соҳибаш бошӣ, Ватан дод.

Ҷавонмардии беандоза дорӣ,
Ба некӯкории ту халқ тан дод.

Худо ёрат, туӣ Ёри Муҳаммад,
Ки волоӣ туро дар анҷуман дод.

пешина
аз 27
навбатӣ