100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
механика» Гвидо Убалдо дел Монте, Галилей соли 1589 кафедраи математикаи донишгоҳи Пизаро соҳиб гашт. Дар 25-солагӣ профессор шуд, боз дар ҳамон донишгоҳе, ки онро хатм карда натавонистааст.
Галилей ба донишҷӯён аз риёзиёту кайҳоншиносӣ сабақ медод, ҳар гуна таҷрибаҳо мегузаронд. Аз манораи Пиза ҳар хел ҷисмҳои вазнину сабукро ба тарзи моил поён мепартофт, донистан мехост, ки оё онҳо мувофиқи таълимоти Арасту ба замин меафтанд? Ҷавоб манфӣ буд.
Таълимоти Арастуро оид ба озодафтии ҷисмҳо соли 1590 дар асараш «Дар бораи ҳаракат» мавриди танқиди шадид қарор медиҳад. Дар омади гап, вай дар матлабаш навишта буд: «Агар ақл ва таҷриба дар масъалае ба ҳам мувофиқ оянд, ба ман дигар аҳамияте надорад, ки он ба ақидаи бисёриҳо мухолиф аст».
Дар ҳамин давраи зиндагӣ Галилей ларзиши хурди баробармуддати раққосакро новобаста аз амплитуда муқаррар сохт. Гвидо дел Монте ба Галилей ҳамчун механик баҳои арзанда дода, ӯро «Архимеди замони нав» меномид.
Танқиди таълимоти Арасту оид ба ҳаракати ҷисмҳо бисёр олимони ҷонибдори физикаи Юнони Қадимро бар зидди Галилей шӯронд. Аз ин рӯ профессори ҷавон аз Пиза рафту роҳбарии кафедраи физикаи донишгоҳи Падуаро бар дӯш гирифт. Пажӯҳишгари ҷӯянда дар ин шаҳр бахт ёфт, тақдирашро бо духтараки якаву танҳо Марина Гамба пайваст. Завҷааш ба ӯ солҳои 1600-1601 ду духтараки зебо ба дунё овард. Соли 1606 писардор шуданд. Галилей аз соли 1606 ба кайҳоншиносӣ мегаравад. Моҳи марти соли 1610 «Ахборномаи ситораҳо» ном асари илмиаш аз чоп мебарояд. Чун хабар ёфт, ки дар кишварҳои хориҷӣ олимон дурбин сохтаанд, бо як шавқу рағбати беандоза ба бунёди телескоп даст зад. Вай аз линзаҳои дурӯя фурӯхамида ва дурӯя барҷаста истифода бурда, дастгоҳи мушоҳидаи кайҳони беканорро омода сохт. Ба қавли Галилей телесопаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё