Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

як мӯъҷиза буд, бо ёрии он ҷисмҳои осмонӣ то ҳазор бор калон карда ва 30 маротиба наздиктар оварда мешуд.

Шаби ба 7 январи соли 1610 вай телескопашро сӯи само нигаронд. Чизе, ки вай дар он ҷо дид — табиати моҳтоб, занҷираи кӯҳҳо ва қуллаҳои сояафкан, водиҳо ва баҳрҳо шахсро ба андеша водор менамуданд, ки Моҳтоб ба Замин монандӣ дорад. Ин бошад ба манфиати догмаҳои динӣ ва таълимоти Арасту оид ба мавқеи махсуси Замин дар байни дигар ҷисмҳои кайҳонӣ набудӣ.

Тасмаи бузурги сафеди осмон — Роҳи Каҳкашон ба шарофати телескоп ба ситораҳои алоҳидаи дурахшон ҷудо мешуд. Олим дар шафати Муштарӣ ситорачаҳои хурдро ба мушоҳида гирифт: аввал сето буданд, баъд чорумаш пайдо шуд. Дар шаби навбатӣ онҳо аллакай мавқеи худро дар нисбати сайёра дигар карданд. Галилей зуд ба хулоса омад: «Ситорачаҳо ҳамсафарони табиии Муштарианд». Ин кашфиёти илмӣ буд.

Баъдтар Галилей хориқаи Зуҳалро кашф намуд, вале сабабашро нафаҳмид, ки дар чист. Кашфи авзои Зӯҳра низ ба ӯ мутааллиқ аст. Вай ба мушоҳида гирифт, ки чӣ тавр доғи офтоб дар рӯи офтоб ҷойи худро тағйир медиҳад, аз ин ба хулоса омад, ки Офтоб низ дар гирди меҳвари худ чарх мезанад. Дар асоси мушоҳидаҳо Галилей хулоса кард, ки дар гирди меҳвари худ чарх задан ба ҳамаи ҷисмҳои осмонӣ хос аст.

Ҳангоми мушоҳидаи кайҳон Галилей қоил гашт, ки шумораи ситораҳо аз он ки мо бо чашми одӣ мебинем, хеле зиёд аст. Вай ҳамин тавр ақидаи Ҷордано Бруноро дар хусуси беҳудудӣ ва беинтиҳоии Кайҳон собит сохт.

Баъди ин гуна кашфиётҳо Галилей ба чунин натиҷа расид, ки ақидаи Коперник дар хусуси системи гелиоцентрии олам билкул дуруст аст. Яъне Офтоб маркази ҳаракати сайёраҳо мебошад. «Ахборномаи ситораҳо» ба муаллиф шӯҳрати беқиёс овард. Дар Аврупо номи Галилей ва кашфиёташ вирди забонҳо буданд. Ҳерсоги Тоскания Козимои II Медичи

пешина
аз 424
навбатӣ