Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Гёте намояндаи машҳури Давраи маърифати Олмон буда, яке аз асосгузорони адабиёти немиси замони нав ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт буданаш дар ҳақаш қиссаҳо мебофтанд, вай намунаи барҷастаи маданияти олӣ, нерӯи хастанопазири эҷодии рӯҳи одамӣ буд. Дар «Фауст» - асари ҷамъбастии фалсафиаш, Гёте маънии зиндагиро ҷомаи амал пӯшонд.

Лирикаи Гёте яке аз саҳифаҳои зарин дар таърихи назми олмонист. Вай ҳамчун нахустшоири бузурги миллӣ, ки садояш ба табақаҳои гуногуни халқи немис нигаронда шуда буд, шӯҳрат ёфт. Дар зиндагиаш Гёте қариб 1600 шеър гуфтааст. Бисёри онҳо ба сурудҳои халқӣ табдил ёфтаанд.

На танҳо қаҳрамононри Гёте, балки худи вай, хислати ӯ, ақидааш, тақдираш, муносибаташ бо занҳо ва рафиқон ба нависандаҳо, рассомон, бастакорон, шоирон илҳом бахшида, чун мавзӯи роману драмаҳо, шеъру новеллаҳо, эссе, кино, барномаҳои радиою телевизион истифода шудаанд.

Ба ғайр аз ину он Гёте боз олими гуногунсоҳа буд. Ӯ муаллифи «Таҷриба оид ба метаморфозаи растаниҳо», «Таълимот оид ба рангҳо» ба шумор меравад.

Иоганн Волфганг Гёте 28 августи соли 1749 дар Франкфурти назди Майн таваллуд ёфтааст. Авлоди падариаш аз Турингия, аҷдоди модариаш аз Франкония буданд. Модари ӯ Катерина Элизабет, зани боғайрат, ҳаётдӯст, зиндадил будӣ. Падараш

пешина
аз 424
навбатӣ