Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Иоганн Каспар, мушовири давлатӣ, яке аз одамони бисёр ҳам соҳибмаълумоти Франкфурт ба ҳисоб мерафт ва ӯ шахсан ба тарбияи Иоганн ва хоҳаронаш машғул мешуд.

Дар ҳаштсолагӣ бача бо забонҳои давраи қадим ҳарф мезад ва чанд забони зиндаро медонист. Хеле барвақт вай ба эҷоди афсонаю шеър пардохт, бо услуби фаронсавӣ фоҷиае навишт.

Ихтисоси падари Гёте ҳуқуқшинос буд, аз ин рӯ дар 16-солагиаш ӯ ба донишгоҳи Лейпсиг баҳри омӯхтани асосҳои ҳуқуқ ҳуҷҷат супурд. Вале саломатиаш бад шуду ба Франкфурт баргашт. Дар ин давра вай ба омӯзиши асарҳои фалсафии (оккултӣ) сеҳри ҳалол-илми симиё, мунаҷҷимӣ ва рисолаҳои илмии асримиёнагии алкимиё шуғл меварзад.

Соли 1769 маҷмӯаи нахустини шеърҳояш бо номи «Сурудҳои нав» ба дасти хонанда расид. Дар оғози соли 1770 Гёте ба Страсбург баҳри идомаи таҳсил меояд ва ба ғайри асосҳои ҳуқуқ, инчунин илмҳои кимиё, тиб ва филологияро меомӯзад. Вай узви фаъоли маҳфили адабии штюрмерҳо буд. Вожаи «штюрмер» аз шиори гурӯҳи дӯстдорони адабиёт «Дранг унд штурм» — «Тӯфон ва ҳамла» ба таърих ворид гаштааст.

Штюрмерҳо баҳри ягонагии маданияти олмонӣ мубориза мебурданд. Баҳори соли 1772 пас аз хатми донишгоҳ Гётеи ҷавон, вале аллакай шоири шинохта аз Страсбург ба шаҳраки Веслар меояд ва дар суди империя ба сифати адвокат ба кор медарояд. Ҳанӯз аз хатми донишгоҳ моҳе нагузашта, Гёте драмаи таърихӣ-фоҷиаи «Гётс фон Берлихинген»-ро меофарад. Асар на танҳо ба Гёте чун шоири мумтоз шӯҳрат меорад, балки ин ҷавони болаёқатро ба доҳии маънавии штюрмерҳо мубаддал месозад. Зеро қаҳрамони асосӣ – ритсар, ҷанговари накӯкор, иштирокчии ҷанги деҳқонони асри XVI рӯҳан ба ҷавонони замони нав наздик буд. Суханони ӯ «Танҳо шахсе ба зиндагӣ ва озодӣ сазовор аст, ки ҳар рӯз баҳри онон ба ҷанг меравад» ба шиори як насл табдил ёфтанд.

пешина
аз 424
навбатӣ