100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ҳангоми корманди суд будан, Гёте худро дар қабзаи панҷаи оҳанин мепиндошт. Ягона мояи хурсандиаш ишқи Шарлотта Буфф, духтари яке аз соҳибмансабони шаҳр буд. Вале муҳаббати тарафайни онҳо ноком поён пазируфт. Шарлотта кайҳо боз ба як рафиқи шоир номзад будӣ. Гёте азоби алим мекашид ва дигар тадбире дар ҳалли ин муаммо надиду Весларро тарк гуфт. Ишқи ноком ва азоби рӯҳии шоир дар саҳифаҳои романи «Азобҳои Вертери ҷавон» нақши ҷовидона ёфтанд. Шавқи хонандагонро ин роман на бо саргузашти пурмоҷарои ишқӣ, балки бо забони фасеҳи адабӣ бедор кард. «Вертер» дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бо тамоми забонҳои Аврупо тарҷума шуд. Наполеони ҷавон ин китобро ҳафт маротиба хонда, боз дар юришҳояш бо худ мебурд.
Моҳи ноябри соли 1775 бо даъвати герсоги ҳаждаҳсола Карл Август Гёте ба Веймар омад. Карл Август мафтуни шоир Гёте гашта буд, мехост дар князигариаш «як мавзеи хушбахтӣ» бунёд созад. Ба ин пешниҳод шоири инсонпарвар натавонист ҷавоби рад диҳад.
Гёте аввал узв ва минбаъд сардори Шӯрои махфӣ — мақомоти олии назди ҳукумати герсог таъин мегардад ва даҳ соли умрашро ба иҷрои ин вазифа сарф менамояд.
Дар ин давра баробари хизмати дарбори Карл Август Гёте намоишномаҳои «Клавиго» ва «Стелла», «Эгмонт» ва «Ифигения дар Таврида»-ро эҷод кард.
Дар шеърҳои лирикӣ ва манзумаҳояш асрори вуҷуди табиат васф гаштааст, ки ҳам офарандаи саодати одамӣ асту ҳам бадбахтиҳост.
Орзуи Гёте дар хусуси дигар кардани сохти давлатдорӣ ҷомаи амал напӯшид. Инчунин муносибати маҳрамона бо завҷаи яке аз мансабдорони Веймар Шарлотта фон Штейн ба қалбаш тазийқ меовард. Аз ин рӯ вай соли 1786 аз мансаб даст кашиду ба Италия рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё