Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фалсафӣ ва ҳиссиёти ҳақиқии одамӣ ба ҳамаи асарҳои Бах хосанд.

Мусиқичиёни тамоми олам асарҳои мусиқии ӯро менавозанд, мафтуни зебоӣ ва илҳом, маҳорат ва салосати ӯ мешаванд.

Бах бо забони олмонӣ «ҷӯйбор» гуфтан аст, дар асоси ин Бетховен, бастакори дигари барҷаста, фармуда буд: «Номи варо ҷӯйбор не, баҳр бояд номид».

Ниёгони Бах бо истеъдоди фитрии мусиқидонии худ солҳои тӯлонӣ шӯҳрат доштанд. Ба ҳама маълум, ки падари бобокалони бастакор, аз рӯи касб нонвой бошад ҳам, санторро моҳирона менавохтааст. Аз авлоди Баҳҳо чандин нафар навозандагони най, шайпур, арғунун, ғиҷчак ба воя расидаанд. Охири охирон, ҳар як мутрибро дар Олмон Бах ва ҳар як Баҳро мутриб мегуфтагӣ шуданд.

Иоҳанн Себастян Бах моҳи марти соли 1685 дар шаҳри на он қадар бузурги Эйзенахи Олмон чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Нахустин сабақи мутрибӣ, навозиши ғиҷчакро ӯ аз падар, ғиҷчакнавоз ва мусиқачии шаҳр, омӯҳт. Бача овози беҳад хуб (сопрано) дошт ва дар ҳайати хори мактаби шаҳр месароид. Ҳеҷ кас ба касби ояндаи ӯ шубҳа намекард: Иоҳанн ҳатман бояд мутриб мешуд.

Дар нӯҳсолагӣ бача ятим монд. Ӯро бародари калонӣ, ки дар калисои шаҳри Ордруф арғунун менавохт, ба тарбияи худ гирифт. Ва дар гимназия ҷой намуд, ба омӯхтани мусиқӣ кӯмак расонд. Вале ӯ мусиқидони ҳассос набуд. Сабақҳояш берангу бемазмун буду оташи шавқу рағбатро доман намезад. Аз ин рӯ Бах ба худомӯзӣ пардохт. Аз куҷое донист, ки бародараш дар ғаладоне дафтаре маҳфуз медорад ва дар он нотаи бисёр асарҳои бастакорон сабт гаштааст. Бача шабҳо бо эҳтиёт ин дафтарро бурун меовард ва дар рӯшноии маҳтоб рӯйнавис мекард. Ин заҳмати пурмашаққат расо шаш моҳ идома ёфт ва ба биноии бастакори оянда зарари ҷиддӣ расонд. Ва чӣ андоза риққатовар

пешина
аз 424
навбатӣ