Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

пиапиномонанд оҳангҳо навохтанд. Ҳамон шаб Маршан осемасар ба ватанаш фирор намуд ва бо ин амали хеш маҳорати фавқулоддаи Бахро собит сохт. Бори дигар дар шаҳри Кассел бо тарзи хосаи навозиши арғунун шунавандагонро ба ҳайрат овард. Вале муваффақият Бахро саргаранг накард, ӯ аз худ нарафт, ҳамоно фурӯтану хоксор буд. Ба саволи «Бо кадом роҳ ба ин дараҷа расид?» ба ҳама чунин посух медод: «Комёбии ман аз заҳмати ҳамешагист, ҳар касе, ки сидқан заҳмат мекашад, ба ҳама чиз ноил мегардад».

«Шоҳи ҳамаи мутрибони арғунуну клавир» номида буд Бахро назариётчӣ Г. Зорге. Қомуси мусиқии И. Валтер ва Э. Гербер чунин суханонро сабт намудааст: «Ӯро моҳиртарин навозандаи клавир ва арғунуни замона ва замонаҳои оянда метавон гуфт».

Аз соли 1708 Бах муқими Веймар гашт ва дар ин ҷо беҳтарин асарҳояшро офарид. Дар байни онҳо Токката ва фугаре минор, Паскалия до минор буданд.

Соли 1717 Бах бо аҳли оилааш ба Кетен кӯчид. Дар дарбори шоҳзодаи Кетен ба оркестри хурде роҳбарӣ мекард ва тамоми вақти холиашро ба эҷоди асарҳои мусиқӣ мебахшид. Оҳангҳои дувозию сеовозӣ, сарахбор, асарҳои саҳнавии мусиқӣ, сурудҳои бисёровозӣ офарид, ки ҳамаи онҳо баъдтар дар шакли китоби калонҳаҷм нашр шуданд. Бах соли 1723 аз Кетен ба Лейпсиг баргашт ва то охири умр ин ҷо монд. Роҳбари дастаи хори мактаби сарояндагии назди калисои Фомаи Муқаддас буд. Вай дар ин ҷо беҳтарин асарҳои вокалию драмавӣ ва кантатаҳояшро эҷод кард. Умуман Бах қариб 250 кантата офаридааст.

Муноҷот ва «Машаққатҳо»-и Бах асарҳои бузурги мусиқианд. Дар иҷрои онҳо солистҳо, хор, оркестр, арғунун ширкат меварзанд.

Роҳбарони калисо аз Бах розӣ набуданд, зеро асарҳои мусиқии ӯ зиндагиро васф мекарданд, одамонро ба завқ меоварданд, хун дар рагҳо ба ғалаён меомад.

пешина
аз 424
навбатӣ