100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Архимед – риёзидон ва механик, асосгузори назарияи механика ва гидростатика. Қарнҳо сипарӣ шуданд ва ӯро дар таърихи башар ҳамчун нахустин муҳандис ном мебурданд ва мебаранд. Маҳз Архимед механикаро ба илм мубаддал сохта буд.
Олим усулҳои дарёфти сатҳи болоии майдонҳо ва ҳаҷми шаклу ҷисмҳои гуногунро, ки аз усулҳои ҳисобкунии дифференсиалӣ ва интегралӣ беҳтар буданд, кор карда баромад. Дар асараш «Оид ба андозаи доира» Архимед бори аввал адади «пй» - муносибати дарозии доира ба диаметрро ҳисоб намуд ва исбот кард, ки вай барои ҳар доира як хел аст. Мо то ҳол аз системаи номгӯи ададҳои томи ихтироънамудаи Архимед истифода мебарем.
Дар асарҳояш оид ба статика (беҳаракатӣ) ва гидростатика Архимед тарзи истифодаи илми риёзиро дар табиатшиносӣ ва техника намуна овардааст. Ба ғайр аз донандаи илмҳои назариявӣ будан, ӯ ҳамчун ихтироъкор, кошифи бисёр асбобҳои механикӣ ном бароварда буд. Чархи Архимед, фишанги Архимед барои бардоштани борҳои вазнин, манҷаниқҳои сангпартои ҳарбӣ ва ғайра намунаҳое аз ихтироъҳои ин олим ва механики ҳамадонанд. Таъсири осори Сиракузии кабир ба эҷодиёти олимони бузурги баъдина, аз қабили Галилей, Гюйгенс, Ньютон ва дигарон хеле зиёд аст.
Таърихдони Юнони Қадим Плутарх ба саҳми Архимед дар илм ва ба шахсияти ӯ ҳамчун олими барҷаста қоил шуда, нигошта буд: «Дар соҳаи геометрия теоремаи душвотарин ва жарфноктаринеро дарёфт кардан натавон нисбат ба онҳое, ки Архимед ба тарзи одӣ ва аёнӣ ҳал кардааст. Баъзе ин тавр осон ҳал намудани масъалаҳои пурчигилро ба ақли гирои Архимед нисбат диҳанд, дигарон инро аз заҳмати пайвастаи ӯ мебинанд. Вай ба мисли шахси сеҳргашта муттасил кор мекард, хӯрокӣ, нӯшокӣ, ҳар гуна ғамхориро нисбати ҷисми худ ба боди фаромӯшӣ месупурд. Ҳангоми фароғат дар ҳаммом ҳам рӯи хокистар ё равғани ба тани худ молида шаклҳои геометрӣ мекашид».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё