Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷангӣ ихтироъ намуд, ки бо ёрии онҳо ба фишори душман муҳофизон се сол истодагарӣ карданд. Архимед бо ёрии оинаҳо киштиҳои мухолифинро оташ зад. Дар хусуси ин корномаҳо Плутарх, Полибий ва Тит Ливий ёдрас шудаанд.

Архимед дар вақти муҳосираи Сиракуза шаҳид гардид: ӯро сарбози римӣ дар ҳолате кушт, ки олим саргарми ҳалли муаммои илмие буд.

Аҷиб, ки римиҳо баъди ғасби Сиракуза ба асарҳои илмии Архимед соҳиб нашуданд. Танҳо пас аз сипарӣ гаштани ҷандин аср олимони аврупоӣ рисолаҳои Архимедро дарёфт намуданд. Ана барои чӣ Плутарх навишта будааст, ки Архимед, ҳарчанд олими барҷаста ва ихтироъкори шоиста бошад ҳам, аз худ ягон асари илмӣ ба мерос нагузоштааст. Плутарх менигорад, ки дар рӯи санги мазори Архимед сурати кура ва силиндрро нақш карда будаанд.

Волфганг Амадей
Мосарт

(Солҳои зиндагиаш
1756-1791)

Мусиқии Мосарт аз ҷиҳати такомули оҳангу шакл дар давраи класситсизм дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. «Рӯшании ҷовидонаи офтобӣ дар мусиқӣ, ном ба ту «Мосарт», -хитоб намуда буд бастакор Антон Рубинштейн.

пешина
аз 424
навбатӣ