Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нафаҳмида монд, ки вай чӣ тавр созҳои скрипка ва арғунунро омӯхт. Маҳорати ҳайратовари фарзандон падарро водор сохт, ки ба сафари ҳунарӣ бароянд.

Оилаи Мосартҳо нахуст тамошобинони шаҳрҳои Мюнхен, Вена, сипас шаҳрҳои бузурги Аврупо – Париж ва Лондонро ба ҳайрат гузошта, қалби ҳазорҳо нафарро тасхир кард. Дар Лондон Волфганг бо муғаннии шинохта Иоҳанн Христиан Бах, писари хурдии бастакори бузург Иоҳанн Себастян Бах, ошно шуд. Новобаста ба синну сол онҳо соатҳо бо ҳам оид ба назокатҳои мусиқӣ сӯҳбат меоростанд. Бах ӯро бо асарҳояш ва бо эҷодиёти бисёр бастакорони мумтоз шинос намуд, онҳо якҷоя мусиқӣ менавохтанд ва ҳам бадоҳатан оҳангҳо меофариданд.

Зиёда аз як сол оилаи Мосартҳо дар Лондон ба дӯстдорони мусиқӣ ва аҳли дарбори шоҳ концерт дод. Сипас аз Ҳолландия даъватнома расид ва онҳо нӯҳ моҳро дар шаҳрҳои Гаага, Амстердам ва ғайра сипарӣ намуданд. Волфганг дар ин муддат асарҳои зиёде навишт, дар байни онҳо як симфония, шаш сонат барои клавесина ва скрипкаҳо, маҷмӯи каприччиои клавесина хеле машҳур буданд.

Барномаи консертии Волфганг бо гуногунрангӣ ва мураккабиаш шунавандагонро ба водиҳи ҳайрат меандохт. Ҳунарвари хурдакак дар клавесин танҳо ва ҳам бо апааш якҷоя оҳанг менавохт. Вай асарҳои мураккабро бо скрипка ва арғунун иҷро мекард, дар саҳна бадоҳатан оҳангҳо эҷод менамуд, бо сарояндаҳо ҳамовоз мешуд. Ва бесабаб набуд, ки Волфгангро «аҷоиботи асри XVIII» ном мебурданд.

Эҷодгари хурдсол бо намуди зоҳириаш ҳам аҷиб буд: бо қади паст, андоми лоғар, ранги парида, либоси махсуси вазнини зарҳалӣ, мӯи сунъии бофтаи упозада ба лӯхтаки сеҳрнок монандӣ дошт. Сомеаи басо ҳассосаш боиси тавлиди ҳар гуна ривоятҳо буд.

Ниҳоят Мосартҳо дар охири соли 1766 ба Залсбург баргаштанд. Ва ба зудӣ дар донишгоҳи маҳаллӣ нахустнамоиши

пешина
аз 424
навбатӣ