Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

асари саҳнавии Мосарт — интермессои лотинии «Аполлон ва Гиасинт» барпо шуд. Дар сафари Вена, мобайни соли 1767, операи «Духтараки содадили қалбакӣ»-ро навишт.

Солҳои 1770-1773 падару писар ба шаҳрҳои бузурги Итолиё — Рим, Милан, Неапол, Венесия, Флоренсия ташриф оварданд. Ҳанӯз дар оғози сафар Волфганг бо омӯзгори машҳуртарини давр Ҷ. Мартинӣ шинос гашт ва бо ӯ ба машқу омӯзиш пардохт.

Итолиёвиҳоро сомеаи ҳассоси афсонавиаш моту мабҳут мекард. Боре дар Рим, дар копеллаи Сикстинӣ ҳангоми иҷрои асари хории бисёровоза Мосарт онро пурра дар ёд нигоҳ дошт ва ба хона омада рӯи варақ овард. Ин асар моли хусусии калисо ба ҳисоб мерафт ва соле ҳамагӣ ду маротиба иҷро мешуд. Баровардани нотаҳо аз калисо ё рӯйбардор намудани онҳо қатъиян манъ ва гунаҳгорро ҷазои сахт интизор буд. Вале ҳатто калисо ҳам дар назди маҳорати мусиқидони мумтоз қадаме ба қафо гузошт: охир Мосарт нотаро нагирифтааст ва ё накӯчондааст, вай танҳо онро дар ёд нигоҳ доштааст!

Машғулияти кӯтоҳ бо Мартинӣ натиҷаи шигифтангез овард. Дар ним соат бачаи закӣ асари мураккаби мусиқии бисёровоза офарид. Бори нахуст дар таърих чунин шахси хурдсол ба шарофати маҳорати фавқулоддааш узви академияи Болон гардид. Маҳорати Мосарт боз ҳам ғалаба кард.

Мосарт дар Итолиё операи «Митридат, шоҳи Понта», серенатаи «Асканио дар Алба» ва операи «Лусий Сулла»-ро навишта ба саҳна гузошта бошад ҳам, дар ин кишвар ҷойи доимии кор наёфт. Дар Вена ҳам ӯро ба кор нагирифтанд. Вай ба ватан баргашта симфонияҳои 25-29-ро эҷод намуд, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ва сатҳи устодӣ ҳамтое надоштанд.

Дар Залсбург князи куҳансол, ки ба Мосарт эҳтиром мегузошт, оламро падруд гуфт ва ба ҷои ӯ граф Колоредо ҳукмрон гашт. Вай шахси золиме буд. Чун фаҳмид, ки бастакори ҷавон, дирижёри оркестри дарбораш, фарди озодидӯст асту

пешина
аз 424
навбатӣ