100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
соҳибақида, нешзаниро афзун намуд. Вай Мосартро ҳамчун хизматгор истифода мебурд, намегузошт, ки дар ҷое концерт диҳад. Мосартро маҷбур месохт, ки бо хизматгорон якҷо ғизо хӯрад ва аз ошпазҳо поён нишинад. Волфганг бисёр азоби рӯҳӣ мекашид. Оқибат соли 1777 рухсатӣ гирифту бо модар ба Париж омад. Аммо дар ин ҷо низ ба нокомӣ дучор гашт. Кор наёфт, бо модар дар меҳмонхонаи назарногире мезист, ба хоҳишмандон сабақи мусиқӣ медод ва барои қӯти лоямуте маблағе дармеёфт. Ба ин хорӣ модар тоб наоварду сафари охират пеш гирифт. Моҳи ноябри соли 1780 Мосарт ба Мюнхен омад, 29 январи соли 1781 нахустнамоиши операи «Идоменей, шоҳи Крит» баргузор гашт ва ба муаллиф шӯҳрати беандоза овард. Мосарт дигар ба дарбор қадам naguзошт. «Гули бахти ман акнун рӯ ба шукуфоӣ дорад», - навишта буд ӯ ба падар 4 августи соли 1782. Мосарт бар хилофи падар бо сарояндаи бистсола Констанса Вебер, ки духтараки зиндадили гармсимое буд, махфиёна ақди никоҳ баст. Ҳарчанд ҳаёти хуше доштанд, аз шаш фарзанд танҳо ду нафар ба воя расид. Писари калонӣ Карл Томам ба мусиқӣ меҳр набаст, Франс Ксавер оҳангсоз шуд.
Мосарт бо супориши театри немисии шаҳри Вена операи мазҳакавии «Дузди аз ҳарамсаро»-ро меофарад ва он ғулғулае дар олами санъати театрӣ меафканад. Танҳо ба он император чунин эрод мегирад: «Нотаҳо аз ҳад зиёданд, азизакам Мосарт». «Ҳамон қадаранд, ки заруранд», - бо назокат посух дод бастакор ба император.
1 майи соли 1786 дар Вена мазҳакаи мусиқии «Тӯи Фигаро» ба саҳна омад. Аммо лоқайдии император ва дарбориён маҷбур сохт, ки баъди чанд намоиш «Дузди аз ҳарамсаро» ва «Тӯи Фигаро»-ро аз барномаи театр бардоранд. Барои Мосарт боз давраи душвор оғоз ёфт. Аммо аз Прага хушхабар расид. «Тӯи Фигаро» дар он ҷо шӯҳрати беқиёс ёфтааст. Мосарт дар Прага зиндагии хушеро оғоз бахшид ва 29 октябри соли 1787

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё