100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Колумб мутмаин буд, ки ин ҷо Ҳинд ё остонаи он аст. Дар ҳақиқати ҳол ин макон яке аз ҷазираҳои Багам будӣ ва Туайахани унвон доштӣ. Колумб ба он Сан-Салвадор ном гузошт.
Ҳангоми кашфи Куба испониҳо бори нахуст диданд, ки мардуми таҳҷой барги растаниеро оташ зада дуди онро фурӯ мебаранд. Ҳамин тавр аврупоиҳо аввалин маротиба аз мавҷуд будани тамоку воқиф гаштанд.
Моҳи январи соли 1493 Колумб роҳи бозгашт пеш гирифт.
Вай ба Аврупо чанд нафар «ҳинду», каме тилло, растаниҳои ношинос ва пари парандаҳои ваҳширо овард. Шоҳи Испониё ба вазифааш вафо намуд. Ба оилаи адмирал Колумб унвони дворянӣ бахшид.
«Дар экспедисияи дуюм, ки солҳои 1493-1496 амалӣ гашт, адмирал Колумб дар вазифаи ноиби шоҳ дар заминҳои нав кашфшуда ширкат варзид, - менависад таърихдон И. Магидович.
- Дар 17 киштӣ 1,5-2,5 ҳазор нафар маллоҳ, кишоварз, ҷӯяндагони тилло, ҳарбиён ва роҳибон буданд. Колумб ҷазираҳои Доминика, Гваделупа ва Пуэрто-Рикоро кашф кард. Моҳи марти соли 1494 дар ҷустуҷӯи тилло ба миёнаи Гаити лашкар кашид, дар фасли тобистон ҷануби шарқӣ ва ҷануби соҳилҳои Куба, ҷазираҳои Хувентуд ва Ямайкаро кушод. Баҳори соли 1496 ба сӯи диёр шино намуд, 11 июн дар Кастилия экспедицияи дуюм анҷом пазируфт».
Солҳои 1498-1500 экспедицияи сеюми Колумб дар ҳайати шаш киштӣ сурат гирифт. 31 июли соли 1498 ӯ ҷазираи Тринидадро кашф намуд ва ниҳоят 5 августи соли 1498 ба қитъаи
Амрико расид. Вай дарёи бузурге - Ориникоро дарёфт, ки аз
бисёрии марворид медурахшид. Сипас Колумб ба Эспанола,
ки маънояш ҷазираи Испониё буд, баргашт. Дар ин ҳангом Эспаноларо испониҳо Сан-Доминго номида буданд. Колумбро
«тӯҳфаи ногаҳонӣ» интизор буд. Ӯро ба хиёнат муттаҳам карда, ба пойҳояш ишкел зада ҳабс ва ба Испониё равон намуданд. Ҳарчанд варо пурра бегуноҳ ҳисобиданд, баҳрнаварди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё