100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
сарбаланд ба ин таҳқир тоб наовард ва боз ба саёҳати баҳр баромад.
Ин дафъа чор киштии ӯ бевосита ба ҷониби соҳилҳои Амрико шино кард. 15 июни соли 1502 ба ҷазираи Мартика лангар андохт ва 30 июл халиҷи Гондурасро ошкор сохт ва дар он ҷо бори нахуст бо намояндагони тамаддуни қадимаи майя вохӯрд. Аз 1 августи соли 1502 то 1 майи соли 1503 Колумб қариб ду ҳазор километри назди соҳилҳои Амрикои Марказиро таҳқиқ намуд. Аҷибаш он ки вай борҳо дар хусуси баҳри бузургӣ дар наздикиҳо буда аз мардуми таҳҷой шунида бошад ҳам, ба он аҳамияти ҷиддӣ надод. Пас аз чандин сол Васко Балбоаи испонӣ уқёнуси Оромро кашф кард. Ва аммо Колумб ба сӯи ғарб гузаргоҳ наёфта ба шимол шино намуд ва 25 июни соли 1503 дар соҳили Ямайка киштиаш шикаст. Пас аз як сол аз Сан-Доминго ёрӣ расид. Моҳи ноябри соли 1504 баҳрнаварди бемору бемадор ба Испониё баргашт ва 20 майи соли 1506 дар хонааш дар Валядолида аз дунёи равшан чашм пӯшид.
Людвиг ван Бетховен
(Солҳои зиндагиаш 1770-1826)
«Мусиқӣ бояд аз қалби одамон чақмоқ зада оташ барафрӯзад»,-мегуфт Людвиг ван Бетховен, ки эҷодиёташ ба дастовардҳои арзишмандтарини заковати аҳли башар мутааллиқ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё