Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дарбори ҳерсог Феличе Бачоккӣ таъин мегардад. Бачоккӣ ба хоҳари Наполеон Элиза хонадор буд. Зери таъсири ишқи Элиза Паганинӣ якчанд оҳанг меофарад. «Саҳнаи ишқ»-ро ба ин олиҳаи меҳру муҳаббат мебахшад. Аммо ин ишқварзӣ низ пас аз се сол ба дилаш мезанад. Шикасти Наполеон аз ҷониби русҳо ба Паганинӣ озодии шахсӣ меорад ва ӯ аз Флоренсия ба Милан кӯч мебандад. Ба шаҳри азизаш соли 1814 баргашта панҷ концерт медиҳад. Рӯзномаҳо ба шарафаш ва шуҳрати беҳамтояш бисёр матлабҳо ба чоп мерасонанд. Дар ин ҷо бо духтари дӯзанда Анҷелина Каванна ишқ меварзад ва ӯро аз хонааш рабуда, шаҳр ба шаҳр мегардонад. Падари Анҷелина бастакори мумтоз ва муғаннии шуҳратмандро ба суд медиҳад. Мурофиаи судӣ ду сол идома меёбад. Суд ҳукм мебарорад, ки Паганинӣ се ҳазор лир ҷарима пардозад. Охири соли 1816 Паганинӣ дар Ветнетсия концерт медиҳад ва дар театр бо сарояндаи хор Антониё Биянкӣ шинос гашта, ба вай меҳр мебандад. Аз онҳо писарчае ба дунё меояд бо номи Ахилл.

Паганинӣ барои скрипка сонатаҳои зиёде меофарад ва дар шаҳрҳои бузургтарини Аврупо муттасил концерт медиҳад. Миллионҳо нафар тамошобин шефтаи ҳунари волои ӯ мешаванд. Бисёриҳо ӯро фаришта меҳисобиданд ва боз ҳамин қадар одамон варо азозил мехонданд, аммо ҳама мӯътақид буданд, ки Паганинӣ ҳамчун муғаннӣ ва бастакор мӯъҷизаи Парвардигор аст. «Рӯзномаи умумии театрӣ» навишта буд: «Дастҳои ӯ бештар аз имконияти табиии сароидаҳо серҳаракет буданд, оҳанги скрипкаи вай чунон тозаю нафису нозук аст, ки ба дили ҳар шунаванда таъсири амиқ мегузорад».

Сафарҳои эҷодии Паганинӣ идома меёбанд. Вай аз августи соли 1829 то феврали соли 1831 дар бештар аз 30 шаҳри Аврупо ва зиёда аз 100 толор ромишгарӣ мекунад. Баҳори соли 1830 дарбори Вестфалий ба ӯ унвони баронро тақдим медорад, албатта, муфт не, бо пул. Аммо ин барои Паганинӣ зарур буд. Охир унвон аз авлод ба авлод мегузашт ва Паганинӣ ояндаи

пешина
аз 424
навбатӣ