Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ахиллро меандешид. Моҳи октябри соли 1839 ба Генуя хаставу лакот ва дардманд бармегардад, вай базӯр ба по меистод. Панҷ моҳ аз хона набаромад, пойҳояш варамида буданд, скрипкаро маҷоли рӯи даст гирифтан надошт.

Николло Паганинӣ дар Нитсса 27 майи соли 1840 сафари охиратро ихтиёр кард. Ягон ҳунарвар дар он замон мисли Паганинӣ шӯҳратёр набуд. Ҳарчанд он солҳо ҳақи хизмати ромишгарон мисли имрӯза зиёд набуд, Паганинӣ якчанд миллион франк ба мерос гузошт.

Пётр Илич
Чайковский

(Солҳои зиндагиаш
1840-1893)

Рӯҳшиноси нозукбин, устоди симфония, драматурги мусиқӣ Чайковский дар мусиқӣ олами ботинии инсонро ифшо намуда, асарҳои оламшумули опера, балет, симфония ва камеравиро офаридааст.

Бисёрии он асарҳоеро, ки бастакор эҷод кардааст, «бори
нахуст дар олами мусиқӣ бунёд шудаанд» гуфтан метавон. Вай
жанри нави симфонӣ-симфонияи фоҷиавиро кашф намуда,
барои русҳо жанри нави драмаи лирикию психологиро рӯйи об
овард. Ба таърихи мусиқӣ Чайковский ҳамчун ислоҳотгари жанри балет ворид гашт ва давраи балети симфониро оғоз бахшид. Ӯ ба ҳамаи жанрҳои мусиқӣ, хоҳ симфония бошад, хоҳ

пешина
аз 424
навбатӣ