100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Зидҳо — кулоҳи хурд ва пойафзоли бузург, шими халта ва пичакчаи тангро ба ҳам пайвандад. Чашмони шаҳлои маҳзун бо мӯйлабчаи назаррабо дар тазод буданд. Роҳравии хосааш дигаргуна ба миён омад. Чарлӣ онро аз равиши мӯйсафеди машҳур ба лақаби Бинкси сода, ки саиси бобояш Спенсер буд, омӯхт.
Филмҳои мазҳакавӣ бо иштироки Чаплин зуд машҳур мешуданд. Вале тавсияю маслиҳатҳои ӯ режиссёнронро асабӣ мекарданд, аз ин рӯ вай мақсад гузошт, ки худаш филм бардорад. Нахустин филмаш «Зери пироҳани борон» ном дошт.
Дар соли 1915 вай барои ширкати «Эссеней»-и Чикаго 12 филм офарид, яъне моҳе як филм ба навор гирифт. Дар байни онҳо «Чемпион», «Оворагард», «Зан», «Шабе дар мюзик-холл» муваффақияти зиёд рӯ соҳиб шуданд. Дар ин мазҳакаҳои одӣ Чарлии оворагард инодкорона баҳри ҳаёт муборизаи беамон мебарад: вай шахси заиф, зудбовару беҳимоя аст, вале чолок, матин ва ҳатто маккор ҳам буда метавонист. Вай на танҳо худро ҳимоя менамуд, балки баҳри адолат мубориза мебурд, заифонро ҳимоя мекард ва бадахлоқонро ҷазо медод.
Чаплин тасаввур карда наметавонист, ки филмҳояш дар Ню-Йорк чи гуна шӯҳрати беқиёс доранд. Аз ин рӯ шаъну шарафи ба сараш рехта ӯро ба ҳайрат овард. Вай дар байни издиҳоми гулгашти Таймс меистод, вақте ки дар чаҳорчӯбаи эълонҳои бинои идораи рӯзномаи «Таймс» сатрҳои зерин падид омаданд: «Чаплин бо «Мючел» ба маблағи соле 670000 доллар шартнома мебандад». Орзуҳо ҷомаи амал пӯшиданд. Бенавой ва беқадрӣ паси сар шуданд.
Филми нахустини Чаплин дар «Мючел» «Нозири мағозаи молҳои гуногун» ном дошт. Сипас ҳар моҳ як мазҳака ба мухлисон пешкаш мекард. «Сӯхторнишон», «Дарбадар», «Соати яки шаб», «Граф», «Дӯкони судхӯр», «Дар паси экран», аз қабили осорҳои ҳамин давраанд. Мазҳакаҳои «Кӯчаи ором» ва «Муҳочир»-ро чун шоҳасар ном мегиранд.
Соли 1919 бо ҳамроҳии устодони соҳаи кино Дэвид Гриф- фит, Мэри Пикфорд ва Дуглас Фэрбенкс ширкати «Юнайтед артист»-ро созмон медиҳад. Чаплин барои ширкати нав филми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё