Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мансуб буд, аз қашшоқӣ азоб мекашид ва барои беҳбуд бахшидани рӯзгор ба хизмати ҳарбӣ рафт. Фернандо, ки барои таҳсили минбаъда маблағ надошт, низ хизмати ҳарбиро ихтиёр кард ва дар як муҳлати кӯтоҳ дар муҳосира намудану фатҳи қалъаю истеҳкомҳои мухолифин ҷасорат нишон дода, соҳиби шуҳрат гардид.

Алалхусус ҳангоми муҳосираи шаҳри Гоа, ки баъдтар пойтахти Ҳинди португалӣ ва ҳам Малаккӣ шуд, мардонагӣ зоҳир сохт. Пас аз маҷрӯҳӣ дар яке аз муҳорибаҳои шадид, Магеллан Ҳиндро тарк намуда, соли 1513 ба Лиссабон меояд. Ба мисли Колумб Магеллан низ бо лоиҳаи таҳқиқ кардани соҳилҳои баҳри ношиноси Ҷануб ба ҳукумат муроҷиат менамояд. Пас аз гирифтани ҷавоби рад роҳи Испанияро пеш мегирад.

Шоҳи Испания ба таҳқиқи қитъаи нави кашфнамудаи Колумб манфиатдор буд. Аз ин рӯ зуд пешниҳоди Магелланро пазируфт Фернандо дигар наздикони худро намебинад. Писари баҳрнавард соли 1521 мефавтад. Завҷааш моҳи марти соли 1522 аз олам чашм мепӯшад.

20 сентябри соли 1519 Магеллан дар раёсати флотилия, ки аз панҷ киштӣ - «Тринидад», «Сан-Антонио», «Сантяго», «Консепсион», «Виктория» ва 265 нафар баҳрнавард иборат буд, ба сафари баҳрӣ баромад.

Ҳангоми убури уқёнуси Атлантик Магеллан аз усули огоҳсозии ихтироънамудаи худ истифода бурд. Аз ин рӯ ягон киштии ӯ гум ва ҳам аз якдигар ҷудо нашуд. Дар охири моҳи декабр вай ба Ла-Плата расид ва наздикии як моҳ халиҷро таҳқиқ намуд, вале ба баҳри Ҷануб гузаргоҳ наёфт. 2 феврали соли 1520 Магеллан ба ҷануб қадкади соҳили атлантикии Амрикои Ҷанубӣ шино кард. Вай танҳо рӯзона киштӣ меронд, то ки ягон гулӯгоҳ ба халиҷ аз чашмонаш пинҳон намонад, 31 марти соли 1520 дастаи киштиҳояш дар халиҷи кушоди Сан-Хулиан лангар партофт. Зеро зимистон фаро мерасид ва Магеллан нахост, ки ҳамсафонашро ба зарбаи тӯфонҳо гирифтор созад.

пешина
аз 424
навбатӣ