Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сан-Франсиско сафарро ба охир расонд. Ҳамин тавр Амундсен нахустин шуда ба воситаи киштӣ аз гузаргоҳи шимолию ғарбӣ қад-қади соҳилҳои арктикии Амрико шино намуд. Ғайр аз ин экспедисия оид ба ҷуғрофия, метеорология ва этнографияи соҳилҳои таҳқиқгашта маводи зиёди гаронбаҳо овард.

Пас аз ин Амундсен мақсад гузошт, ки корномаи Нансен бо таъсири ҷараёни обу шамол фатҳ кардани Қутби шимолиро такрор намояд. Вале дар арафаи сафар иттилоъ гирифт, ки сайёҳи амрикоӣ Роберт Пирӣ аз ӯ пеш гузашта, ба фатҳи Қутби шимолӣ ноил гаштааст.

«Барои обрӯямро ҳамчун таҳқиқотчии қутб нигоҳ доштан — ба хотир меорад Амундсен, — ба ман зарур буд, ки комёбии фавқулоддаро соҳиб шавам. Ман ба иҷрои вазифаи хавфнок таваккал намудам. Роҳи мо аз Норвегия ба гулӯгоҳи Беринг аз шафати димоғаи Горн мегузашт, аммо пеш аз ин ба мо лозим меомад, ки аввал ба ҷазираи Мадейра лангар партоем. Дар ин ҷо ман ба ҳамроҳонам гуфтам, ки Қутби шимолӣ фатҳ шудааст, аз ин рӯ мо ба фатҳи Қутби ҷанубӣ хоҳем кӯшид. Ҳама бо ваҷд ба ин пешниҳод розӣ шуд...»

Дар рӯзи офтобии 19 октябри соли 1911 дастаи панҷнафара дар чор кана, ки онҳоро 52 саг мекашид, ба роҳ баромад. «Ин саёҳати аҷоибе буд, — ба ёд овардааст баъдтар Амундсен, — мо аз мавзеъҳои тамоман наву ношинос, кӯҳҳо, пиряхҳо ва қуллаҳо мегузаштем; дар айни ҳол чизе ба ғайри барфу ях намедидем.» Роҳ бошад хеле хатарнок буд. Беҳуда баъзе маҳалҳо номҳои ғамангез надоштанд, ба монандӣ «Дарвозаи ҷаҳаннам», «Пиряхи иблис», «Ҷойи рақси шайтон». Ниҳоят кӯҳҳо қафо монданд, сайёҳон ба пуштакӯҳе баромаданд пур аз мавҷҳои яхин. Пас аз мурдани нисфи сагҳо, онҳо 17 декабр ба нуқтае расиданд, ки аз рӯи ҳисобу китобашон Қутби ҷанубӣ он ҷо буд. Дар ин маҳал сайёҳон хайма заданд ва ба ду гурӯҳ тақсим шуда бо навбат бо зовиясанҷ баландии офтобро дар ҳар соати як шабонарӯз чен карданд. Дастгоҳҳо бо забони ҳол мегуфтанд, ки

пешина
аз 424
навбатӣ