100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Моҳи июли соли 1926 Амундсен ва дӯстони ӯ ба шаҳри Бергени Норвегия баргаштанд. Ба шарафи онҳо аз тӯпҳои қалъаҳо салют дода шуд. Дар Осло тамоми мардум ба пешвози қаҳрамонон ба кӯчаҳо баромада буд. Дар қасри шоҳ барояшон зиёфат ороста шуд.
18 июни соли 1928 Амундсен шунид, ки экспедитсияи итолиёвиҳо, ки бо дирижабл ба Қутби шимолӣ парвоз намуда буд, ба садама дучор шудааст ва мӯҳтоҷи дастгирист. Вай ҳамон замон бо чанд нафари дигар ба тайёрааш «Латам» нишаста, ба ёрӣ мешитобад. Вале 20 июн тайёрааш ғайб мезанад. Пас аз чанд моҳ шикастапораҳои «Латам» аз баҳр ёфт мешаванд. Аз афташ тайёра ба баҳр афтодаасту Амундсен ва рафиқонаш ҳалок шудаанд. Вале корнамоии ӯ умри абад ёфт.
ГЕНРӢ ФОРД
(Солҳои зиндагиаш 1863-1947)
Генрӣ Форд — «падар»-и соҳаи мошинсозии амрикоӣ, яке аз менеҷерҳои барҷастаи садсолаи бистум, ташкилотчии истеҳсолоти пайдарҳами конвейери автомобил ба шумор меравад. Мошинҳои вай шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда буданд.
Форди дар гузашта номаълум яке аз одамони бойтарини Амрико гардид. Ва бе ягон болобардорӣ гуфтан метавон, ки шӯҳрати Амрикои имрӯза аз вай низ вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё