Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дарунсӯз ба худ кашид. Вай мошини нахустинашро тани танҳо, шабона сохт ва санҷид, ҳол он ки ин ба ҳаёташ хавф дошт, зеро мотор гоҳ-гоҳ метаркид. Ана ҳамин тавр аввалин «аробаи бесп» пайдо шуд, ки бо бензин «роҳ» мегашт, онро квадросиклет низ ном мегирифтанд.

Соли 1893 нахустмошини каме ба аробаи деҳқон шабоҳатдошта ба ҳаракат даромад ва бо вазни 226 килограммӣ ронандаю мусофирон дар як соат 32 километрро тай кард. Минбаъд ин мошинро Форд муттасил такмил бахшид. Тирамоҳи ҳамон сол боз як воқеаи хурсандибахш дар ҳаёти Форд ба вуқӯъ пайваст. Писари аввалин ва меросхӯри ягонааш Эдсел таваллуд ёфт.

Ширкати «Эдисон» ба Форд вазифаи масъул – идораи пурраи фаъолияти ширкатро пешниҳод намуд, вале бо як шарт.
Вай бояд аз мошинсозӣ билкул даст накашид. Форд мошинсозиро интихоб намуд, ҳарчанд маблағи қазоие надошт.

Соли 1899 Форд бо чанде аз ҳамақидаҳояш ширкати мошинсозии «Детройт»-ро созмон дод. То соли 1902 ширкат, ки номи нави «Ширкати Генри Форд»-ро гирифта буд, қариб 25 мошин истеҳсол кард.

Соли 1902 Генрӣ аз ширкати «Кадиллак», собиқ «Ширкати Генрӣ Форд» рафт. Дар назди худ мақсад гузошт, ки автомобили арзон, бадошт ва ба ҳама дастрасро эҷод намояд. Вай пӯлоди сабуку бадоштро истифода бурда, мошинҳои арзон истеҳсол кард, ки қариб ҳама қобилияти харидории онро дошт. Соли 1903 вай «Ford Motor Company»-и машҳурро созмон дод. Қариб дар се моҳ тамғаи «А» ба ширкат 36957 доллар фоидаи соф овард.

Соли 1908 тамғаи машҳури «Т» падид омад, ки минбаъд
бо лақаби «Лизаи оҳанин» ном баровард. 12 сол ин тамға истеҳсол шуд. 16 миллион адад ба фурӯш рафт. Агар нархи
мошини нахустин 950 доллар бошад, соли 1916 нархи он 350
долларро ташкил медод. Соли 1909 дар Манчестер (Англия)

пешина
аз 424
навбатӣ