100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
хоксориву ҳалимиву фурӯтанӣ ангуштнамо гашт. Дар 17-солагӣ ӯро ёвари муаллимаш Пинг-Чунг, олими шинохта, таъйин карданд. Пинг-Чунг айни замон ҳокими шаҳре буд, ки он ҷо Конфутсий бо модараш мезист.
Дар омӯзишгоҳ Чунг-нӣ бо саъю кӯшиши беандоза осори муаллифони қадимро, ки ба ақлу дилаш таъсири амиқ мегузоштанд, мутолаа намуд. Донише андӯхт, ки минбаъд шунавандагонашро ба ҳайрат меовард. Пас аз хатми омӯзишгоҳ бо хоҳиши модар хизмати давлатиро ба ӯҳда гирифт. Сардори нозири бозор таъйин гашт. Аз субҳи содиқ маводи бозору дӯконҳоро хабар мегирифт, намегузошт, ки сабзавот, гӯшту нон, меваҳои ғайри қобили истеъмол ба фурӯш раванд. Савдогарони боинсофу бовичдонро дастгирӣ менамуду қаллобонро ҷазо медод. Бо ин амал дар байни халқ эътибори зиёдеро соҳиб гашт.
Дар вақтҳои фориғ аз хизмати давлатӣ пайваста илм меомӯхт. Дар нуздаҳсолагӣ Конфутсий бо духтараке аз оилаи барӯманди Ки-коан-ши ақди никоҳ баст. Пас аз як сол писардор шуд, баъдтар духтарчае ба дунё омад. Дар ҳаёти оилавӣ ӯ хушбахт набуд. Ривояте ҳаст, ки вай аз завҷааш ҷудо шудааст. Ақидааш нисбати зан чунин буд: «Бо зан сарукор гирифтан бисёр душвор аст, наздикӣ ҷӯй якрав мешаванд, дур созӣ ғавғо мебардоранд».
Дар ин муддат бо хоҳиши сокинон ҳокими Лу Конфутсийро нозири заминҳои кишт, ҷангалу чорво таъйин намуд. Ӯро вазифаҳои боз ҳам баландтари давлатӣ интизор буданд. Вале вафоти модар дар соли 528 то милод ӯро маҷбур сохт, ки тарки вазифа намояд. Конфутсий ба анъанаҳои қадимаи чинӣ содиқ буд: «Писар танҳо баъди сесола шудан аз дасти волидайн ба замин мефурояд, аз ин рӯ азодории сесола барои ҳама ҳатмист».
Аз хизмат, ки фориғ буд, Конфутсий ба омӯхтани таърихи қадими кишвараш пардохт. Ӯ бо ҳуҷҷатҳои қадимаи таърихӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё