100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
анъанаҳои маросимӣ, суруду мусиқӣ ва ривоятҳои қадим шинос шуд ва ҳамчун донандаи анъанаҳо шуҳрат ёфт.
Соли 522 то милод орзуи деринааш ҷомаи амал пӯшид. Ҳамроҳи шогирдонаш зиёрати пойтахти қадимаи Чжоу муяссар гашт. Ибодатгоҳҳои куҳансол ӯро ба ваҷд оварданд. Ӯ худ-ро дар саргаҳи ҳикмат мепиндошт, ба суратҳои рӯидеворӣ бо диққат менигарист, матнҳои бо мурури замон хирашударо бо шавқу завқ мехонд. Базудӣ дар шаҳр овозаи олими ҷавони ҳамадон паҳн гардид. Шумораи шогирдони ӯ ҳар рӯз меафзуд. Фазл ва донистани адабиёти қадима ҳамаро мафтунаш сохт. Ҳамзамон ӯ ба таҳрири китоби «Ши сзин» («Китоби сурудҳо»), ёдгории адабиёти асрҳои XI-VI то милоди Чин, даст зад. Вай беҳтарин сурудҳоро, ки азёд медонист ва то охири умр замза-ма мекард, дар китоб боқӣ гузошт. Конфутсий ба мусиқӣ баҳои баланд медод. Мегуфт, ки мусиқӣ бояд ғизои маънавии халқ бошад.
Аз рӯи ривоятҳо Конфутсий маҳз дар шаҳри Чжоу бо мута-факкири куҳансол Лао-сзӣ вохӯрдааст. Файласуфи солхӯрда барои орзую умедҳои «пучаш» Конфутсийро хеле мазаммат намуд. Вале аз ин Конфутсий ҳеҷ ҳиҷолате накашид. Ӯ мегуфт, ки мақсадаш дониши андӯхтаашро ба хизмати мардум гузош-тан аст. Вай ҳокимеро меҷуст, ки аз рӯи тавсияҳои Конфутсий кишвару халқро идора созад. Боварии халқро сазовор гаштани сарвари давлат барои мутафаккири ҷавон чизи асосӣ буд. Бе ин давлатро нигоҳ доштан амри муҳол аст, мегуфт. Барои чу-нин ҳоким пайдо кардан Конфутсий ҳудуди кишварҳои Сӣ, Вей, Чэн, Сзай ва ғайраҳоро тай намуд. Вале ҳайҳот, шоҳи дониш-манду дилхоҳашро наёфт.
Билохир дар чилу чорсогиаш бахт ба рӯяш хандид. Дар шоҳигарии Лу ошӯбҳо хомӯш шуданд ва ҳоким Конфутсийро шаҳрдори Чжун-ду таъйин намуд. Акнун ӯ дар амал метавонист ғояҳояро татбиқ созад. Таҷрибаи кори давлатӣ ба имдодаш расид. Вай соҳаи кишоварзиро ба эътидол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё