100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ШОҲБОНУ ОЛГА
(Солҳои зиндагиаш
? - 969)
Завҷаи Игор, князи Киев. То ба балоғат расидани писараш Святослав ва ҳам ҳангоми дар юришҳои ҳарбӣ будани ӯ кишварро идора мекард. Ошӯби древлянҳо, қабилаи славянҳои қадимро саркӯб намудааст. Қарибиҳои соли 957 ба дини исавӣ гаравидааст. Дар таърихи дини насронӣ ҳамагӣ шаш нафар бону ба силсилаи қудсиён (апостолҳо) дароварда шудааст, ки дар байни онҳо шоҳбону Олга низ ҳаст. Ғайр аз ин ақлу заковат ва тадбирҷӯию ташаббускориҳояш дар таърихи башар ва давлатдорӣ беҳамтост, агар чунин занонро шумурем, ангуштони як даст ҳам барзиёданд.
Дар солномаҳои таърихиву динӣ оид ба Олга далелҳо ва суханони ба ҳам мухолиф бисёр ба чашм мерасанд. Таърихнигори маъруф Нестор дар «Повесть временных лет» овардааст, ки Олга аз деҳаи Вибути назди Псков мебошад. Боре князи кабир Игор ба ҷангалҳои Псков ба шикор меравад. Барои ба соҳили муқобили дарё гузаштан аз ҷавони заврақсавор кӯмак мехоҳад. Вақте ки ба мобайни дарё мерасанд, княз пайхас менамояд, ки ҳамроҳаш, ин ҷавони навҳати бел ба даст, духтар аст. Княз мафтуни зебоӣ, чолокӣ ва сухангӯиҳои Олга мегардаду мехоҳад зуд аз ӯ ком бистонад. Вале духтарак бо тамкину иззат ва гуфтори боадабона ишқи яклаҳзаи2и князи кабирро рад менамояд ва инро тавре сомон мебахшад, ки Игор на танҳо ба ғазаб намеояд, балки хушҳол мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё