Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хусуси олами ботиниаш андеша меронд. Пайдост, ки дар ҳолати барҳам хӯрдани мушкилоти зоҳирӣ ҳалли масоили рӯҳӣ ба миён меояд. Ва, агар аввалӣ фонӣ бошад, дуюмӣ абадист. «Олга ба синне расид, ки дар ин айём инсон тамоми шириниҳои ҳаётром мечашад ва бебақоии зиндагӣ ба назараш равшан мегардад», - навиштааст Карамзин дар «Таърихи давлати Русия».

Панду насиҳати фақеҳи Византия Григорий ба рӯҳи пуртуғёни ҷӯяндаи шоҳбону таскин мебахшид, дар сурате ки бутҳои маҳаллӣ хомӯш буданду ба ҷароҳатҳои ботинии Олга марҳам намешуданд.

Ба интихоби дин низ Олга аз нуқтаи назари давлатдорӣ баҳо медод. Вай идораи Киевро ба писар вогузошта, бо киштиҳои зиёд сӯи Константинопол шино намуд. Ин амал дар таърих ҳамчун зиёрати маркази дини насронӣ, ба роҳ мондани робитаи дипломатӣ ва намоиши нерӯи тавонои ҳарбии давлати бузурги Русия баҳо гирифт.

Шоҳбонуро бо иззату икроми болониҳоя хайра мақдам гуфтанд. Фарзи таъмиди ӯро патриархи Константинопол Фофилакт ба ҷо овард. Падархонди рӯҳонӣ дар маросими ғусли таъмид императори Византия Константин Багрянородний буд.

Олга ба Киев бо иконаҳо ва китобҳои зиёди динӣ баргашт. Ба номи ҳазрати Николай дар болои қабри Асколд, нахустин князи насронӣ, калисо сохт. Барои ба дини исавӣ гаравидани халқ ба Шимоли кишвар гом ниҳод. Дар соҳили дарёи бузург ӯро рӯқё фаро гирифт: гӯё аз осмон «се нури фурӯзон» поён фуромад. Пас аз ин ҳодиса шоҳбону фармуд, ки дар ҳамин мавзеъ ба номи Сегонаи муқаддас калисо бунёд намоянд.

Шоҳбону бисёриҳоро ба дини насронӣ ҷалб кард, аммо ба писараш Святослав таъсир расонда натавонист. Святослав ҷавони нерӯманд буду ҳарбу зарбро бо душманон меписандид ва намехост, ки дини ӯ аз дини сарбозонаш фарқе дошта бошад. Ва ӯ хасми аз ҳама пурхатар — хоқони Хазарро торумор кард, булғорҳоро ба зону шинонд, ҳаштод шаҳри қад-қади рӯди

пешина
аз 424
навбатӣ