Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷо овард, мегӯянд, ки сабаби мурданаш табиист, аммо ба ин боварии бисёриҳо намеомад. Рафти минбаъдаи воқеаҳо низ ба ин шаҳодат медод. Албатта, вориси шоҳи Гурҷистон писари навраси Довуд Дмитрий эълон шуд, вале то ба камол расидани ӯ идораи мамлакатро амакаш Георгий ба даст гирифт. Вақте ки Довуд калон шуд, Георгий III, акнун варо ҳамин тавр ном мебурданд, аз тахт нафаромад. Бо ин сабаб ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба нерӯи ҷавонӣ ақли ботадбир ғолиб омад. Георгий III бо зӯрии яроқ кавкабаи шоҳиро тасарруф кард, тоҷро аз шаҷараи калони Багратионҳо рабуд.

Аз рӯи тахминҳо Тамара дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба дунё омадааст, ба қавле байни солҳои 1164-1169. Овони кӯдакии ӯ зери пардаи асрор нуҳуфта. Танҳо ҳаминаш маълум, ки вай дар тифлӣ аз модар, шоҳбонуи осетинӣ, маҳрум гашта, дар тарбияи аммаш Русудан будааст. Қиссаи Русудан низ басо пурихтилоф аст. Ӯро гоҳе зани султон меҳисобанд, гоҳе завҷаи князи рус. Аммо ӯ, касе, ки набошад, дар тарбияи Тамара саъй варзид, ба ӯ забонҳо ва илм омӯзонд, ҳамчун донишманд ба воя расонд. Падараш Георгий III наздик омадани марги беамонро ҳис карда, Тамараро ба тахт нишонд. Касе аз тарси ҷон овози эътироз набаровард. Баръакс, дарбориён «Насли шер шер аст, хоҳ мода, хоҳ нар» гӯён ба вай хушомад заданд. Аммо, ҳамин ки Тамара аз падар маҳрум гашт, дарбориён баҳри ситондани қасд оташи дасисабозиҳоро афрӯхтанд. Тамара он вақт тахминан 15-20-сола буд. Бо кадом роҳ шоҳбону мардони гармхуни кӯҳистониро ба итоат овард, ба мо сирри махфист. Ҳаминаш аён аст, ки барои ин ба ғайр аз сифатҳои барҷаста доштан, инчунин зирак, маккор, ҳилагар ва доно бояд буд.

Тамара корро аз ҷойивазнамоии кадрҳо оғоз бахшид. Барои ёварӣ ӯ аз Байтулмуқаддас олими закӣ, фақеҳи пурдон, католикос Николай Гулабридзеро даъват кард. Аммо ҳанӯз ба патриарх Микеле, ки чандин вазифаҳои давлатиро ғасб намуда буд, зӯраш намемерасид. Аз ин рӯ Тамара бо эҳтиёт кор мебурд.

пешина
аз 424
навбатӣ