Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дониста, мегӯяд, ки танҳо онҳо метавонанд Сарвари давлат бошанд.

Қумандони шоҳигарии Сунг аз ҷамъомадҳои шогирдони Конфутсий ба ҳарос афтода, маҷбур месозад, ки мутафаккир боз овораи манзилҳо шавад. Баъди сарсониҳои зиёд ба ватан бармегардад, аз вафоти занаш хабар меёбад. Дар Лу тамоми вақташро ба омӯзиш ва тарбияи шогирдон мебахшад. Дар як баландии бештар ваъз мегуфт ва он «теппаи зардолу» ном гирифт. Дар ин ҷо тамоми осорашро ба тартиб овард, бисёр китобҳои қадимаро мураттаб намуд. Вай таҳрири асарҳои фалсафии «Шутсзин», «Шитсзин», «Итсзин» ва нахустин асари таърихии Чин «Чунсю»-ро ба охир расонд.

Таълимоти Конфутсий ба шарофати китоби «Лун юй» («Сӯҳбатҳо ва муҳокимаҳо»), ки аз ҷониби шогирдонаш мураттаб шуд, машҳур гашт. Файласуф асосҳои иҷтимоии замонашро ба инобат гирифта гуфтааст: «Бигузор падар — падар, писар — писар, шоҳ — шоҳ, хизматчӣ — хизматчӣ монанд». Конфутсий мегуфт, ки хурдӣ бояд ба ҳарфи калонӣ гӯш диҳад, ҳар як амрашро ба ҷо орад. Давлат оилаи бузург, оила давлати кӯчак аст ва дар ин давлатҳо ҳама бояд ба ҳарфи Сарвар тобеъ бошад. Таълимоти Конфутсий дар замони ҳукмронии Хон (202 то милод) дар саросари Чин паҳн гашт ва ҳамчун дини давлатӣ пазируфта шуд. Баъди сарнагун шудани охирин императори Чин дар соли 1912 дини давлатӣ низ мавқеашро аз даст дод.

пешина
аз 424
навбатӣ