100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Писар ҳимоятгари шаъну шараф ва номуси модари бева-монда аст. Анъанаи халқӣ намегузорад, ки зан бори дуюм ба шавҳар барояд.
Боре як шогирди Конфутсий ҳокими шаҳр таъйин шуд ва ӯ аз устодаш чунин панд шунид: «Ҳамеша дар кор боғайрат ва бодиққат бошед, бикӯшед, ки дурӯғро аз ростӣ, ҳақиқатро аз эҳтимолият фарқ созед. Бо адолат, беғараз буда, ба худ бовар намоед. Адолати судӣ рӯбиниро намепарварад. Беғаразӣ роҳ ба сӯи адолат аст. Тамаъкор ҳеҷ гоҳ адолатпарвар намешавад. Ҳар як тӯҳфаи хурду ночизи раият ба кадом сабабе бошад ҳам, дуздист. Барои ҳама дастрас будаву ба касе рӯи нохуш нишон надиҳед, бо ҳама меҳрубон, хушзабон ва боилтифот бошед. Зуд ба қароре нароед, масъаларо ҳамаҷониба санҷед. Ҳар сол халқро ба сӯҳбат кашед, ӯҳдадориҳошонро хотиррас созед. Агар халқи одӣ вазифаашро надонад, магар ин гуноҳи вай аст? Вазифаро надониста чӣ тавр ба иҷрояш даст мезанӣ? Магар шахсеро, ки аз вуҷуд доштани қонун бехабар аст, барои қонуншиканӣ ҷазо додан мумкин? Халқро аз кори саҳро гирифта, ба сохтмони роҳу пулҳо ҷалб насозед. Ҳама кор вақту соат дорад».
Дар ҷои дигар мегӯяд: «Инсон аз дигар махлуқот бо ақлаш, ки аз осмон нозил гаштааст, фарқ дорад. Барои некиаш мукофот, барои бадиаш ҷазо мегирад». Конфутсий одамонро мувофиқи ақлу тамизашон ба панҷ дараҷа тақсим мекард. Ба дараҷаи аввал ашхосеро мансуб медонист, ки дар зиндагӣ бештар вомехӯранд. Онҳо хеле зиёданд ва бо ягон сифати арзанда аз дигарон фарқе надоранд. Онҳо одамонеанд, ки гап мезананд, вале намеандешанд, ки суханашон ҷавҳареро дорост ё на. Яъне хӯрдану гуфтан ба онҳо аз рӯи одат аст, чун ҳайвон зистан доранд ва бе амри шахси донотар кореро ба субут намерасонанд. Фаҳмиши онҳо, ба қавли Конфутсий, аз чашму гӯшу даҳонашон дуртар намеравад. Ба дараҷаи панҷум одамони бомаърифат, донишманд, боақлу фаросати комилро мансуб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё