100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
сахт гирифт. Наполеон ба хашм омада аз де Стал талаб кард, ки Парижро тарк созад. Адиба дар ҷавоб китоби «Дар бораи адабиёт»-ро ба чоп расонд. Бонапарт дар матолиби асар, ки аз дастнависҳои замони Ҳомер то инқилоби Франция маълумот медод, ҳуҷуми рӯиростро ба ҳукуматаш дид.
Аммо наметавонист ба нависандаи шӯҳратёр зараре расонад. Зеро романи «Делфина», ки дар ҳамин давра ба муштариён пешкаш гашт, муаллифро аз ҳар гуна хатар эмин нигоҳ медошт. Халқ ҷонибдораш буд. Шӯҳрати безаволро барояш романи «Коринна, ё Итолиё» овард.
Ба ҳар ҳол аз таъқиби Бонапарт ба ҷон омада Жермен сафари Амрикоро ихтиёр кард. Вале дар Швейтсария бо афсари захмдори фарангӣ шинос гашту он ҷо монд. Дӯстии онҳо ба ишқ табдил ёфт. Жермен нахост, ки муносибати онҳо вирди забонҳо шавад. Зеро домод аз ӯ бист сол хурд буд. Аз ин рӯ вай ба никоҳи пинҳонӣ розӣ шуд.
Пас аз шикасти Наполеон де Стал ба ватан бо шукӯҳу шаҳомат баргашт. Ӯ зидди он буд, ки Бурбонҳо боз соҳиби тахту тоҷ шаванд. Аммо давлатҳои ғолиб сулолаи аз шоҳигарӣ маҳрумгардидаро ба сари қудрат оварданд. Ба ҳар ҳол пас аз понздаҳ сол, дар соли 1830 Луи Филипп, номзаде, ки Жермен ҷонибдораш буд, шоҳи Франция шуд. Аммо ин баъди вафоти Жермен ба вуқӯъ пайваст. 21 феврали соли 1817 Жермен ба қабул мешитофт, ки онро сарвазири Людовики XVIII созмон дода буд. Вақте ки аз зинаҳо боло мебаромад, пешпо хӯрд. Майнаашро хун гирифт. Жермен де Стал дар рӯзи таърихӣ, оғози Инқилоби бузурги Франция – 14 июл аз дунё чашм пӯшид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо