100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Нахустин афсари Русия аз байни занон, адиб. Соли 1806 сару либоси мардона ба бар карда, шомили ҳайати полки савора гардид. Дар ҷангҳои зидди лашкари Франция солҳои 1807, 1812-1814 ширкат варзидааст, ординаретси М. Кутузов, муаллифи асаруҳои ёддоштӣ, роману повестҳои пурмаҷаро мебошад.
Бисту чоруми марти соли 1866, субҳидам, дар кӯчаи ороми Елабуги маросими дафн оғоз ёфт. Штабс – ротмистри мустаъфии полки улании Литовск Александр Андреевич Александровро мегӯронданд. Дар тобут ҷасади пири фартутшудаи либоси сиёҳпӯш мехобид. Аз қафои тобут поручики баталони эҳтиётии дар шаҳр мустақаршуда дар рӯи болинҷае ордени аскарии Георгии дараҷаи панҷумро нигоҳ медошт. Александровро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати барои афсарон хос ба хок супурданд. Танҳо рӯҳонии ҷомаи дарози бунафшранг ба бар карда, бухурдонро алвонҷ дода, шитобкорона, нохост, гӯё хатои офаридгорро ислоҳ мекарда бошад, номи бандаи худоро марҳума Надежда гуфт.
Албатта, дар ин маврид баҳо додан хеле душвор аст, ки ба чунин шакл сурат гирифтани тақдири фоҷиавии Надежда Дурова кӣ гунаҳгор аст? Табиат, ки гоҳо шӯхиҳои беҷо менамояд ё волидайн, махсусан модар, ки аз рӯзи нахуст духтаракро тамоман дӯст надошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо