100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
нахустин дармонгоҳро барои маризони СПИД низ модар Тереза бунёд кард. Ӯ бо як нерӯи адонашаванда кишвар ба кишвар мегашт, то ки маблағе ба даст орад. Ӯро «менеҷери беназир» мехонданд».
Вале комёбиҳояшро худаш ин тавр шарҳ медод:
«Кори аз ҳама ночизу хурдтаринро ҳам бо меҳри беандоза сомон бахшидан зарур аст». Вақте ки папа Иоанн Павел пурсид, ки бо чӣ метавонад ба вай ёрӣ расонад, модар Тереза посух дод: «Яқ ҳиссачаи Ватиканро ба ман бахшед, дар он ҷо беморхона тахт менамоям».
Ӯ субҳи солеҳ аз ҷойгаҳ бармехест ва ҳамроҳи хоҳарон захмҳо, омосҳои маризонро мешуст, марҳам мемолид, тубакҳои шабонаро берун мебаровард. Тамоми ҳаёт, ҳангоми пирӣ ҳам новобаста ба бемориҳои сактаи дил, варақаҳои чандбора ва ғайра даст аз кор накашид. То моҳи сентябри соли 1997, то даме ки қалбаш ба хабари марги фоҷиабори шоҳдухтар Диана тоқат карда натавонист...
Чи тавре ки модар Тереза мегуфт: «Мо наметавонем корҳои бузургро сомон бахшем – мо корҳои одиро иҷро менамоем, вале бо муҳаббати беандоза. Боре маро таъна заданд, ки хоҳарон иҷрои кори назаррасеро оғоз накардаанд, танҳо бо майдачуйдаҳо машғуланд. Гуфтам: «Агар онҳо лоақал ба як нафар одам ёрӣ расонда бошанд, кифоя аст. Исои Масеҳ низ метавонист барои як нафар инсон, баҳри як гунаҳгор ҷонашро фидо намояд».
Шумо метавонед коре бикунед, ки аз дасти ман намеояд. Ман кореро ба иҷро мерасонам, ки шумо аз ӯҳдааш намебароед. Якҷоя кореро анҷом мебахшем, ки писанди Парвардигор аст. Худо намепурсад, ки мо чанд китоб хондем, чӣ мӯъҷизаҳо эҷод намудем. Мепурсад, ки он чи аз дастамон меомад, иҷро кардем? Зарра барин кор ҳам барои Худо арзиш дорад. Зеро Худо тавоност, ҳар коре, ки бо номи Худо, барои Худо ва ба воситаи Худо иҷро менамоем, подоши зиёде медиҳад...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё