100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Иттиҳоди ӯ зери раёсати хоҳари 66-сола Нирмала фаъолият дорад. Нирмала иҷозат намедиҳад, ки варо «модар» хонанд. Мегӯяд: «Мо як модар дорем — Терезаи беҳамто». Пас аз се соли вафоти асосгузораш Иттиҳоди хоҳарони шафқат дар 128 мамлакати дунё қариб ба 600 табобатгоҳу сағирхона хизмат мерасонд.
Ҳомер
(Санаи зиндагиаш номаълум)
Достонҳои шӯҳратёру шигифтангези «Илиада» ва «Одиссей»-и Ҳомер дар болооби адабиёти юнон ва дар саргаҳи адабиёти аврупоӣ ҳамчун пойдевори азим устувору поянда истодаанд.
Ҳомер парчами тамаддуни эллиний ва дастоварди бузурги ҳамаи онҳое буд, ки бо забони юнонӣ ҳарф мезаданд ва менавиштанд. Ягон фолклори замони имрӯза баробари он чизе, ки Ҳомер эҷод намудааст, дода натавонист, ақаллан ба ӯ ҳамсанг наомад. «То Ҳомер, ҳарчанд шоирон хеле афзун буданд, мо ягон асари ҳаммонанди достонҳои ӯро ба забон оварда наметавонем», - навиштааст Аристотел. Ҳомер на танҳо натиҷа, балки ибтидо, на танҳо ворис, балки навовар низ мебошад. Агар гӯем, ки ҳар суруди «Илиада» ва «Одиссей» ба мақол табдил ёфтааст, заррае ба иғроқ роҳ нахоҳем дод. Ягон нафар нависанда дар сабкати шӯҳрату маъруфият бо Ҳомер баробар омада натавонист. Дар аҳди қадим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё